Jump to content

Дежавю

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ошнопиндорӣ, ҳолати пешдида, дежавю́[1] (фр. déjà vu, МФА(фр.): [de.ʒa.vy] — «пеш дида») — ҳолате аз зеҳн аст, ки дар он фард пас аз дидани саҳнае эҳсос мекунад, ки қаблан онро дида аст.

Равишҳои илмӣ дежавюро ба унвони пешгӯӣ ё пешбинӣ рад карда ва онро ба сурати «коркарди нодурусти хотира ҳангоми бозхонии як таҷриба» тавзеҳ медиҳанд. Донишмандон тавзеҳоте дар бораи ин масъала ёфтаанд, вале ҳамеша ин масъала бо диди шак нигариста мешавад.

Ин луғат ибтидо тавассути равоншиноси фаронсавӣ Эмил Буарак (1851—1917) дар китоби «Равоншиносии оянда» (фр. L’Avenir des sciences psychiques) муаррифӣ шуд.

Ба назар мерасад ин ҳолатро бисёре аз афрод таҷриба карда бошанд. Дар таҳқиқоти расмӣ эълом шуд, ки ҳудуди 85 % афрод, ҳадди ақал як мавриди таҷрибаи ошнопиндориро доштаанд.

Сусумо Тонгава, барандаи Ҷоизаи Нобел дар заминаи пизишкӣ дар соли 1987, дар мавриди ин падида мегӯяд:

«Қалби мағзи инсон фазое бо унвони гипокамп аст, ки дар ҳақиқат навъе мошини ҳисоб, тасаввуркунандаи маълумот ва баррасикунандаи иттилооти марбут ба хотира аст. Ин фазо, аз маконҳое, ки инсон мушоҳида мекунад ва таҷрибаҳое, ки касб мекунад, нақшабардорӣ карда ва барои истифода дар оянда бойгонӣ мекунад. Аммо ҳангоми он ки ду таҷрибаи бисёр шабеҳ оғоз мешаванд, ин нақшаҳои зеҳнӣ ба равишҳои гуногун таъбир ва бозхонӣ мешаванд.»[2]

Ошнопиндории дидорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ошнопиндории дидорӣ ба маънои он аст, ки шахс тасаввур мекунад, ки як фосилаи вақтро, ки феълан мегузаронад, қаблан бо тамоми ҷузъиёт таҷриба кардааст.

Баррасии чигунагии дарки фазо дар эҷоди сифатҳое монанди «инҳамонӣ ва ҳувиятмандӣ» муассир мебошад ва нохудогоҳи инсон ба унвони манбаи аслии хотирот ва таъсир бар рафтору интихоби ӯ ниёз ба таваҷҷӯҳ ва баррасии бештари чигунагии тарроҳии ояндаи фазоҳои меъморӣ дорад.

Шунидапиндорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба таҷрибаи ин ки шахс эҳсос мекунад, ки мутмаин аст чизеро қаблан шунидааст, аммо аз ҷузъиёти замон ва макони шунидани он мутмаин нест ва ин тардидро низ дорад, ки мумкин аст шунидани ин мавзӯъро тасаввур карда бошад, шунидапиндорӣ (Déjà entendu) мегӯянд[3].

Иллали фарзии вуқӯъи ошнопиндорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои ин падида иллалҳои мухталифе вуҷуд дорад, ки албатта бисёре аз онҳо танҳо дар ҳадди фарзия мебошанд.

  • Яке аз фарзияҳо ин аст, ки ҳангоми интиқоли маълумот аз як тарафи мағз ба тарафи дигар барои дарки онҳо, таъхири бисёр кӯтоҳе эҷод мешавад, ки боис мешавад он тарафи мағз ду бор маълумотро дарёфт кунад ва фард эҳсос мекунад, ки ҳодисае ду бор рух додааст.
  • Шабоҳат байни муҳитҳо низ метавонад иллати вуқӯи ошнопиндорӣ бошад. Шояд муҳите, ки ба он ворид мешавем, шомили вижагиҳои шабеҳи нисбат ба муҳити пешин бошад ва онро дар зеҳнамон ёдоварӣ кунад. Ин назария дар соли 2009 мавриди озмоиш низ қарор гирифт, ки шомили ду акс мешуд, ки шабоҳати мавзӯӣ надоштанд, аммо ба тарзи шабеҳе гирифта шуда буданд. Довталабон пас аз дидани ду акс эҳсоси ошнопиндорӣ мекарданд.
  • Албатта фарзияе низ бар ин бовар вуҷуд дорад, ки ошнопиндорӣ ба иштибоҳе дар хотира марбут нест. Акира Оканер дар як озмоиш бо гуфтан як силсила калимаҳои шабеҳ монанди «тахт, болишт ва рӯъё» ба довталабон саъй кард, то ҳисси дежавюро дар онҳо барангезад, вале калимаи «хоб»-ро ба онҳо нагуфт. Пас аз шунидани калимаҳо аз довталабон озмоише гирифта шуд, ки нишон медод довталабон фикр мекунанд калимаи «хоб»-ро ҳам шунидаанд, ки ин як хотираи козиб аст ва ҳисси ошнопиндорӣ барои довталабон иттифоқ уфтод. Пас аз гирифтани MRI аз мағзи афрод маълум шуд, ки минтақаи пеши мағз, ки ба тасмимгирӣ марбут аст, фаъол аст.

Оканер бар ин бовар аст, ки қисматҳои пеши мағз хотиротро баррасӣ мекунанд, то аз саҳеҳияти онҳо итминон ҳосил кунанд ва дар сурати тардид сигнал мефиристанд.

  1. Русский орфографический словарь Российской академии наук / В. В. Лопатин. — М.: Азбуковник, 1999.
  2. فضای " دجا – وو " در مغز کشف شد(форсӣ). سلامت نیوز (9 июни 2007). 28 ноябри 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 октябри 2008.
  3. Déjà Entendu. PsychCentral (2008). 28 ноябри 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 октябри 2011.