Демет Акбағ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Демет Акбағ
тур. Demet Akbağ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Демет Акбағ
Таърихи таваллуд: 23 декабр 1959(1959-12-23) (64 сол)
Зодгоҳ: Денизли, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 1983-то ҳол
Самт: театр, синамо, телевизион
IMDb: ID 0015130
demetakbag.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Демет Акбағ (тур. Demet Akbağ, тав. 23 декабри 1959; Денизли, Туркия) — ҳунарпешаи театр, синамо ва телевизиони турк.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Демет Акбағ 23 декабри соли 1959 дар Денизли ҳамчун фарзанди саввуми Бенан ва Октай Айбар таваллуд шудааст[1]. Он замон оилаи ӯ дар Денизли буд, зеро бобояш ҳамчун сардори идораи адлияи шаҳр вазифадор буд[2]. Падараш бошад рӯзноманигор ва аккос буд[3]. Вай як хоҳар Садаф ва бародари бузург, Камол дорад. Вақте ки волидонаш дар синни 13-солагии ӯ аз ҳам ҷудо шуданд, ӯ ва модараш ва бибиаш соли 1972 ба Истанбул кӯчиданд.

Аввал ӯ дар мактаби миёнаи духтарона номнавис шуд ва вақте ки волидонаш аз ҳам ҷудо шуданд, вай ба мактаби миёнаи духтаронаи Эренкой рафта, таҳсилро дар он ҷо ба итмом расонд[2]. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1982, ба Консерваторияи миллии Истанбул дохил шуд ва онҷоро дар чор сол хатм кард[3].

Фаъолияти ҳунарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти касбии худро аввал дар театр ибтидои солҳои 80-ум ва сипас дар телевизион аз соли 1987 оғоз кардааст. Худи ҳамон сол, вай аз ҷониби Ассотсиатсияи Хабарнигорони Маҷаллаҳои Туркия ҳамчун ситораи телевизиони сол интихоб карда шуд.

Демет бо ҷоизаҳои сершумор, аз ҷумла Golden ва Sadri Alisik барои беҳтарин нақши занона дар филми Vizontele, Afife Jale беҳтарин ҳунарпешаи зан барои Sen Hiç Ateşböceği Gördün mü? ва ғайраҳоро ба даст овардааст. Ӯ инчунин бо ҳунармандони BKM аз замони фаъолияташон нақшҳои мухталифро дар телевизион, аз ҷумла Bir Demet Tiyatro and Ölümsüz Aşk, дар намоишномаҳои театрӣ, аз ҷумла Otogargara, Sen Hiç Ateşböceği Gördün mü?, ва Bana Bir Şeyler Oluyor ва дар филмҳои Eyyvah Eyvah, Eyyvah Eyvah 2 ва Eyyvah Eyvah 3 бозидааст[4].

Соли 2020 ӯ дар силсилафилми "Menajerimi Ara" нақши даъватро бозидааст.

Соли 2021 ӯро бо Эврим Аласё барои иҷрои нақшҳои асосӣ ба силсилафилми "Akrep" даъват намуданд, ки ӯ нақши Парихонро бозид. Ин лоиҳа дар шабакаи Star TV пахш шудааст.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин маротиба ӯ дар синни 21-солагӣ издивоҷ намудааст, чор сол тӯл кашид.

Издивоҷи дуввуми ӯ бо Зафар Чика буд, ки ӯ 12 марти соли 2019 ба садама дучор шуда дар синни 60 солагӣ аз дунё гузашт.

Филмнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Синамо
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
1986 Davacı Ҳамсари Дурсун
1987 Homoti Зайнаб Эрез
1993 Tersine Dünya Битирим Лайло
2000 Vizontele Модари хоҳарон
2004 Neredesin Firuze Фирӯза 26. Siyad Türk Sineması Ödülleri En İyi Kadın Oyuncu seçildi.9. Sadri Alışık ÖdülleriEn İyi Kadın Oyuncu seçildi.
2003 Vizontele Tuuba Модари хоҳарон
2005 Organize İşler Нурон Олҷак
2005 The Net 2.0 Кавак
2008 O... Çocukları Модари Моҳтоб
2010 Eyvah Eyvah Фирӯзон 4. Yeşilçam Ödülleri En İyi Kadın Oyuncu seçildi.
2011 Eyvah Eyvah 2 Фирӯзон
2011 Kurtuluş Son Durak Вартануш
2012 Hükümet Kadın
2013 Hükümet Kadın 2
2014 Eyyvah Eyvah 3 Фирӯзон
2014 Kış Uykusu Наҷло
2015 Niyazi Gül Dörtnala Султон Шаҳмардон
2015 Nadide Hayat Надида
2016 Görümce Фалҷӣ Фаришта
2018 Görevimiz Tatil Туркон Мутлу
2018 Organize İşler 2: Sazan Sarmalı Нурон Оҷак
2020 9 Kere Leyla Лайло
Телевизион
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
1986 Perihan Abla Насрин
1991 Varsayalım İsmail Зарифа
1995 Bir Demet Tiyatro Фаришта
1995 Bir Demet Kahkaha Демет
2000 Beni Demet Yerli Film Худаш
2001 Şen Kahkahalar
2003 Ölümsüz Aşk Суна
2004 Sevinçli Haller Эвинч
2006 Bir Demet Tiyatro Зулайхо
2007-2008 Elveda Rumeli Hüsniye
2008-2011 Sen Harikasın Ҳарика
2011 İstanbul'un Altınları Исмат Азмаразлӣ
2013 Fırıldak Ailesi
2013 Sevdaluk Адолат
2016-2018 Demet Akbağ ile Çok Aramızda Барномаи ТВ
2019 Çok Güzel Hareketler 2 Лутфия Читир Kanal D
2020 Menajerimi Ara Худаш Star TV
2020- Akrep Парихон Star TV

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Феҳристи ҳунарпешазанҳои Туркия

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]