Jump to content

Достони корогоҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Детектив)

Достони коргаҳӣ (форсӣ: داستان کارآگاهی‎ аз англ. Detective fiction), адабиёти детектив (русӣ: детективная литература) — яке аз навъҳои адабиёти бадеист, ки воқеаву ҳодисаҳои печ дар печ ва мураккаби хусусияти ҷиноятидоштаро бо ёрии омӯзиш ва санҷишу таҳлили мантиқӣ, психологӣ, зеҳнӣ, илмӣ ва омехта дар шакли бадеӣ мекушояд.

Таърихи пайдоиши адабиёти детектив

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайдоиши ин навъи адабиёти бадеӣ бо тезутундшавии рақобати қишрҳои гуногуни ҷомеа, бо равнақи шаҳрҳо ва афзоиши ҷиноятҳо, аз як тараф ва пешрафти илми криминалистика, истифодаи усулҳои илмӣ, психологӣ ва таҳлилӣ дар ифшои навъҳои гуногуни ҷиноятҳо бо мадади ходимони политсия ва ё ҷосусони хусусӣ, адвокатҳо, рӯзноманигорон, аз тарафи дигар, алоқаманд мебошад. Асарҳои нависандаи америкоӣ Эдгар По («Куштор дар кӯчаи Морг», 1841; «Сирри Мария Роже», 1842 — 43; «Мактуби дуздида», 1844) сароғози Адабиёти детектив ба шумор мераванд. Баъд аз ӯ адибони англис Уилям Коллинз («Санги пурқимат», 1868; «Магдалинаи нав», 1873), эҷодгари образи умумиҷаҳонии Шерлок Холмс А. Конан-Дойл, Э. Габорио, Э. Уоллес, Г. Честертон, адибони Франсия Э. Габорио, Г. Леру, М. Лейблан, адиби америкоӣ А. К. Грин ва дигар Адабиёти детективро хеле ривоҷ доданд. Дар Россия асари «Ҷиноят ва ҷазо»-и Ф. М. Достоевскийро муҳаққиқони адабиёт аз беҳтарин детективҳои асрҳои 19 ва 20 меҳисобанд. Як қисми асарҳои детективӣ дар асоси маводи илмӣ, ҷиноятӣ ва ҳуҷҷатӣ, шаҳодати шоҳидон (О. Фримен, Ф. У. Крофтс), баъзе аз рӯи ҳиссиёту дарки моҳияти масъалаву мавзӯъ ва таъсири психологӣ ба инояткор (Г. К. Честертон, Агата Кристи, Ҷеймс Хедли Чейз ва дигарон) эҷод гардидаанд. Дар садаи XX Адабиёти детектив ҷдар эҷодиёти Э. Уоллес, Э. К. Бентли, Г. К. Бейли, А. Баркли (Англия), С. С. Ван Дайн, Д. Ҳамметт, Э. Куин (ШМА), Н. Марш (Зеландияи Нав) ва махсусан Ҷеймс Хедли Чейз (Англия), ки лақаби «Шоҳи детектив»-ро дорад, Эрл Горднер, М. Стиллейн, Сидней Шелдон, Ҷозеф Димона, Патрик Андерсон, Норманн Люис, Фредерик Форсайт, Ж. Сименон (Франсия) хеле ривоҷу равнақ ёфт. Шерлок Холмс, комиссар Мегре, адвокат Мейсон ва дигар қаҳрамонони маъруфи Адабиёти детектив мебошанд. Дар Адабиёти детективи ШМА, Франсия, Англия, Италия, Германия, Япония ва дигар кишварҳо бештар қолабҳои якхелаи ҷосусону ҷӯяндагони гунаҳкорон ва ғоратгарону роҳзанон ба мисли Нат Пинкертон, Ник Картер, Рокамбол, ё дузди «маданӣ» Арсен Люпен ва дигарон ба вуҷуд омаданд, ки лаҳзаҳои қатли ом, фаҳшу фуҷур, истинтоқу куштор, ваҳшонияту хунрезиро инъикос кардаанд. Қисме аз чунин асарҳо дар садаи XX дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ «романи сиёҳ» ном гирифта буданд, чунки ба ақидаи идеологҳои шӯравӣ гӯё дар хонандагон ҳисси бадбинӣ, бадахлоқӣ, разилӣ, дунёбезориро ривоҷу равнақ медоданд. Дар замони шӯравӣ ба раванди тафтишот танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғул мешуд ва яке аз сабабҳои рушд наёфтани жанри детектив дар ҳамин буд. Аммо дар кишварҳои Европа ва ШМА дар чунин асарҳо бештар детективҳои хусусӣ, адвокатҳо ғолиб мебаромаданд ва бемасъулиятии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро фош мекарданд.

Равияҳои адабиёти детектив

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар адабиёти олам асосан ду равияи офариниши образи қаҳрамони детективӣ ба миён омадааст: яке услубу образҳои интеллектуалӣ-мантиқӣ, ки дар онҳо ба таҳлил, тафтишу санҷиши илмии ҳодисаҳо дар равиши задухӯрд ва низоъҳои асари бадеӣ диққат дода мешавад, дигаре услуби саргузаштӣ, ки дар он воқеаҳо печ дар печ ва пурмоҷаро инъикос меёбанд. Нависандагони Адабиёти детектив зимни услуби аввал аз таҳлили мулоҳизаҳои илмӣ, воситаҳои мутафарриқи таҳлилӣ, хулосаҳои назариявӣ, дарки фикру андеша ва психологияи ҷино­яткор ва амсоли онҳо васеъ истифода мебаранд. Услуби дуюми асарҳои детективӣ бештар хусусияти моҷароӣ касб карда, барои фош кардани ҷиноят ба методи таҳлили мантиқӣ, андешамандӣ ва истифода аз воқеа ва таҷрибаҳои зиндагӣ такя менамояд. Роман — афсонаи М. Шагинян «Месс-Менд» (1924) яке аз аввалин намунаи асарҳои детективии замони шӯравӣ мебошад. Дар инкишофи ин навъ асарҳо адибон-детективнависон П. Усилин, А. Адамов, Ю. Семёнов. Р. Ким, Л. Шейнин, Н. Шпанов, П. Москвин, Н. Панов, В. Кожевников, С. Устинов, бародарон А. ва Г. Вайнерҳо, В. Михайлов ва дигарон саҳмгузор буданд.

Дар адабиёти асримиёнагии тоҷик, насри бадеии классикӣ, насри таърихиву илмӣ ва насри омиёнаи форс-тоҷик бо намунаҳои адабиёти детектив дучор омадан мумкин аст. Дар «Доробнома», «Искандарнома», «Ҳамзанома», «Самаки айёр», «Мухторнома», «Замчинома», «Абумуслимнома» ва ғайра лаҳзаҳои ба адабиёти детектив монанд ба назар мерасанд. Масалан, дар «Самаки айёр» айёрии Самак ҳам на танҳо аз пайгиру ҷӯяндаи машҳур будани ин қаҳрамон шаҳодат медиҳад, балки гувоҳи баландии ақлу заковати ӯҳам мебошад. Қисмҳои ҷудогонаи «Бадоеъу-л-вақо­еъ»-и Восифӣ, баъзе корномаҳои Шукурбек дар «Наводиру-л-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва ғайраро сароғози Адабиёти детективи тоҷик гуфтан мумкин аст. Баъдан ин гуна равияҳои тасвири детективӣ дар асарҳои С. Айнӣ «Дохунда» (нақбканӣ дар зиндон ва сабаби боз ба даст афтодани Ёдгор), «Ғуломон» (образи қазоқи пайгир) ва махсусан дар «Ёддоштҳо» моҳирона истифода шудааст. Намунаҳои асарҳои Адабиёти детективи муосири тоҷик повести Ф. Муҳаммадиев «Тири хокхӯрда», баъзе бобҳои романи Ҷ. Икромӣ «Ман гунаҳгорам», повестҳои А. Баҳорӣ, роману ҳикояҳои М. Левин, Н. Тиллоев, драмаҳои М. Холов ва повесту ҳикояҳои нависанда ва рӯзнома­нигорони тоҷик Ғ. Ҳакимов («Ҳукми бадтар аз марг», 2010) асарҳои Х. Атовулло «Марги журналист», «Хунро ба хун мешӯянд» (2008) ва ғайра шуда метавонанд. Ғ. Ҳакимов бештар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба риштаи тасвир кашида бошад, қаҳрамони асари Х. Атовулло журналист Ҷамшеди Ҳабиб аст, ки прототипи худи нависанда мебошад.

  • Томан Н., Что такое детективная литература, дар маҷм. О фантастике и приключениях. О литературе для детей, выпуск 5, Л., 1960,
  • Райнов Б., Черный роман, М., 1975;
  • Модестова Н. А., Комиссар Мегрэ и его автор, Киев, 1973;
  • Адамов А. Г., Мой любимый жанр — детектив, М., 1980.