Jump to content

Дилмурод Ҳомидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳомидов Дилмурод Раҷабович
Таърихи таваллуд 30 сентябр 1965(1965-09-30) (58 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Китоб, ҶШС Ӯзбекистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дилмурод Раҷабович Ҳомидов  — номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, мудири Маркази омӯзиши забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дилмурод Ҳомидов соли 1987 шомили факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гардида, онро соли 1992 бо дипломи аъло (сурх) хатм намуд. Аз 1-уми сентябри соли 1992 то моҳи ноябри соли 1993 ба сифати муҳаққиқи коромӯзи кафедраи забони тоҷикӣ ифои вазифа намуда, солҳои 1993-1997 нахуст дар шуъбаи рӯзона ва сипас дар шуъбаи ғоибонаи аспирантура таҳсил кардааст. Соли 1999 дар мавзӯи «Таҳқиқи лингвистии топонимҳои водии Кешруд» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст (Роҳбари илмӣ-узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор М. Н. Қосимова). Аз соли 1995 омӯзгор ва аз соли 2001 дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Нигоштаҳои илмиву иҷтимоиаш дар саҳифаҳои матбуоти даврии Тоҷикистону Ӯзбекистон, Эрон ва берун аз ин кишварҳо ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва ӯзбекӣ (бо алифбоҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ) дарҷ гардидаанд. Ӯ аз соли 1997 узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон буда, ба қалами ӯ беш аз 250 номгӯйи гузоришу лавҳа ва мақолаҳои оммавӣ мутааллиқанд. Ҳамчунин ӯ бунёдгузори саҳифаи тоҷикии ҳафтаномаи «Ғалаба» – и ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё (ҳоло «Китоб тонги», яъне «Субҳи Китоб») мебошад, ки дар солҳои 1991-1992 беш аз 100 шумораи ин рӯзнома маводи тоҷикӣ барои тоҷикони ноҳияи мазкур интишор намудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Топонимияи водии Кешруд.- Душанбе, 2002.-104 с. (монография) Дастури методӣ доир ба таълифи корҳои илмӣ аз забони тоҷикӣ.– Душанбе, 2004. – 86 с. (дастури методӣ); Шевашиносии тоҷик.– Душанбе, 2006. – 164 с. (дастури таълимӣ); Сарнавишти вожаҳо. – Душанбе, 2008. – 144 с. (Маҷмӯамақолот); Роҳнамо барои таълифи корҳои илмии донишҷӯён. – Душанбе, 2008.– 64 с. (дастури методӣ); Лафзи хуш дар ҷилва орад маънии гуфторро.–Душанбе, 2010.–144 с. Роҳнамо барои таҷрибаи шевашиносӣ.–Душанбе, 2010.–24 с. (дастури методӣ). Варгонза. – Душанбе, 2012. – 96 с. (очерки таърихӣ ва ҷуғрофӣ); Топонимика. – Душанбе, 2012.– 21 с. (барномаи таълимӣ); Шевашиносӣ. – Душанбе, 2007, 2012. – 24 с. (барномаи таълимӣ).[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]