Динори Мақдуния
| Динори Македония Македонскиот денар | |
|---|---|
| [[Image:|300px|center]] | |
| ISO 4217: | MKD |
| Кишварҳо: | Ҷумҳӯрии Мақдуния |
| Symbol: | ден |
Динори Мақдуния (мақдунӣ: македонски денар, алб. Denari maqedonas) — воҳиди пули миллии Македония. Як динори Македония баробари 100 дени мебошад.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Динори Македония дар Македонияи соҳибистиқлол 26 апрели 1992 ба муомилот бароварда шуда, ҳамон вақт бо динори югославӣ, ки пули миллии Ҷумҳурии Сотсиалистии Федеративии Югославия буд, як арзиш дошт. 5 майи 1993 аз сабаби беқурбшавии пул дар мамлакат динор бо арзиши як бар сад деноминатсия карда шуд. Яъне муддати муайян 100 динори барориши 1992 бо 1 динори барориши 1993 иваз карда мешуд. Ҳамзамон дар Македония тангаҳои 1, 2, 5, 10 ва 50-динорӣ ва пулҳои коғазии 10, 50, 100, 500, 1000 ва 5000-динорӣ дар мубодила қарор доштанд. Пулҳои коғазии дар гардиш қарордоштаи Македония аз ҷиҳати ороиш ва тарроҳӣ ҷолибанд. Дар пушту рӯи ин пулҳо ёдгориҳои таърихӣ, биноҳои маъмурӣ, калисоҳои машҳур ва таҷҳизоти онҳо тасвир ёфтаанд. Масалан, дар рӯи пули 500-динорӣ акси ниқоби тилоии мансуби мақбараи Требеништа, ки ба асри 5 то м. тааллуқ дорад ва акси гӯшвораҳои Охрида (асри 3 то м.) тасвир ёфтаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Динор / Б. Шафеъ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.