Jump to content

Хушкандешӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Догматизм)

Хушкандешӣ (форсӣ: خشک‌اندیشی‎), догматизм (аз юн.-қад. δόγμα «андеша, омӯзиш; қарор») — тарзи тафаккури сатҳиву карахти зиддитаърихӣ, инкишофнаёбанда, ки дар он таҳ­лилу баррасӣ ва баҳо­гузории назариявию амалии масъа­лаҳо ва ҳолатҳо бе назардошти воқеияти мушаххас, шароити маконию замонӣ сурат мегирад.

Хушкандешӣ ба таълимоти тағйирнаёбанда, абадию азалӣ ва ғайри қобили интиқод такя менамояд. Ба хушкандешӣ надоштани назари интиқодӣ ва шубҳа ба догмаҳо, қабул надоштани иттилооти ба онҳо мухолиф ва эътиқоди бечунучаро ба шахсиятҳои муътабар хос аст. Мафҳуми хушкандешӣ бештар дар сиёсат, фалсафа ва ҳаёти динӣ истифода мешавад. Хушкандешии мазҳабӣ ба динҳое хос мебошад, ки эътиқод ба догмаҳоро талаб намуда, онҳоро ҳамчун ҳақиқати абадию азалӣ медонанд ва аз пайравонашон эътирофи бечунучарои онҳоро талаб менамоянд. Истилоҳи хушкандеширо дар фалсафа шаккокиёни Юнони Бостон — Пиррон ва Зенон ворид кардаанд, ки мункири имкони донишҳои ҳақиқӣ буданд. Онҳо файласуфонро дар баровардани хулосаҳои тасдиқӣ оид ба ҷав­ҳари ашё ба хушкандешӣ айбдор мекарданд. Минбаъд моҳияти ин исти­лоҳ дигар шуд. Кант хушкандеширо ҳама гуна маърифате медонист, ки ба таҳқиқи қаблии имконияту заминаҳои он асос наёфта бошад. Ҳегел хушкандеширо тафаккури мовароуттабиию мулоҳизакорона мешумурд. Хушкандешӣ аз ҳаёти воқеӣ дур буда, фикру мулоҳизаи ба он зидро қабул надорад. Хусусияти хушкандешӣ дар он зоҳир мешавад, ки таълимот ва назарияеро бидуни исбот ба сифати ҳақиқат қабул мекунад. Хушкандешӣ бо диалектика ҳамчун илм дар бораи инкишоф дар тазод аст.

Асоси маърифатии хушкандешӣ муносибати яктарафа ба ҳа­қиқат ва эътироф кардани шинохти лаҳзаи мутлақ дар он дар баробари ба эътибор нагирифтани нисбияти он ме­бошад. Сарчашмаҳои иҷтимоии хушкандешӣ ба ҳавасмандии таба­қавию гурӯҳӣ ва баъзан инфиродӣ ба ақибмондагӣ, ҳиф­зу пойдории вазъ ва тасаввуроти муайяни таъминкунандаи ҳолату вазъияти устувори мудрик вобастаанд. Нишонаи ҳатмии хушкандешӣ ҷудо будани назария аз амалия аст. Диалектикаи моддигароёна ба тафаккури таҷридӣ-догмавӣ ақидаи вуҷуд надоштани ҳақиқати мавҳум ва ҳамеша мушаххас будани ҳақиқатро муқобил мегузорад. Ин ҳама­ҷониба ба эътибор гирифтани робитаҳои мутақобилаи диалектикии мудраки таҳқиқ ва тамоюли рушди онро дар назар дорад.

  • Философский энциклопедический словарь. М., 1989.