Донишгоҳи Бухарест

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Донишгоҳи Бухарест
Соли таъсисёбӣ 16 июл 1864[1]
Ректор Мирча Думитру
Донишҷӯён 34 000
Рангҳо
Сайт unibuc.ro
 Парвандаҳо дар Викианбор

Донишгоҳи Бухарест (рум. Universitatea din București) — бузургтарин донишгоҳ дар Руминия. Соли 1864 бо фармони шоҳзода Александру Иоан Куза таъсис ёфтааст.

Таълим бо забонҳои руминӣ ва англисӣ гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ тақрибан 30 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. 18 факулта мавҷуд аст: риёзӣ, физика, кимиё, биология, ҳуқуқ, ҷуғрофия, фалсафа, геология ва геофизика, журналистика ва коммуникатсия, забонҳои хориҷӣ ва филология, сиёсатшиносӣ, филология, ҷомеашиносӣ, таърих, психология ва педагогика, теологияи баптистӣ, теологияи православӣ, теологияи католикӣ. Донишгоҳ китобхонаи худро дорад.

Дар байни корҳои маъруф нахустин моҳвораи сунъии руминии Замин "Голиат" мавҷуд аст. Дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар нақши намоён мебозад, алалхусус, соли 1990 профессорону донишҷӯён дар майдони донишгоҳ як амали калони итоат накардани шаҳрвандиро (голиада) ташкил карданд, ки бо хунрезӣ анҷом ёфт ва яке аз пешвоёни он Эмил Константинеску, баъдтар ректори донишгоҳ ва президенти Руминия (1996-2000) шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • unibuc.ro — вебгоҳи расмии Донишгоҳи Бухарест
  1. http://www.bibliotecadeva.eu/periodice/romlit/1977/07/romania_literara_1977_07_27.pdf