Jump to content

Донишгоҳи Элбасан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Донишгоҳи Элбасан
Соли таъсисёбӣ 1971
Сайт uniel.edu.al
 Парвандаҳо дар Викианбор

Донишгоҳи Элбасан ба номи Александр Ҷуванӣ (алб. Universiteti i Elbasanit "Aleksandër Xhuvani") — як муассисаи давлатии таҳсилоти олӣ аст, ки дар шаҳри Элбасани Албания ҷойгир аст.

Вай дар базаи Омӯзишгоҳи олии педагоги ташкил карда шудааст, ки аз соли 1909 инҷониб амал мекунад. Соли 1971 мактаб ба Донишкадаи омӯзгорӣ (алб. Institut i Lartë Pedagogjik Aleksandër Xhuvani) тағйири ном кард. Соли 1991 дар заминаи он донишгоҳ таъсис ёфт. Номи Александр Ҷуванӣ, забоншинос, нависандаи албанӣ, куҳантарин шахсияти маорифи халқи Албания мебошад.

Донишгоҳ аз шаш факулта ва як коллеҷ иборат аст.

  • Факултети табиатшиносӣ
  • Факултети илмҳои иқтисодӣ
  • Факултети гуманитарӣ
  • Факултети забонҳои хориҷӣ
  • Факултети педагогика
  • Факултети илмҳои ҷамъиятӣ
  • Коллеҷи тиббӣ

Дар дохили донишгоҳ инчунин Маркази омӯзиши Албания ва Балкан (Qendra e Kërkimeve Albanologjike dhe Ballkanike) мавҷуд аст.

Дар донишгоҳ 3500 нафар донишҷӯёни рӯзона ва 4500 нафар донишҷӯёни ғоибона таҳсил мекунанд.

Ҳайати омӯзгорон 245 нафар буда, 8 нафари онҳо унвони профессорӣ доранд. Инчунин 44 нафар лекторони даъватшудаи хоричй лексия мехонанд.