Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
(ДИС ДДТТ)
Номи байналмилалӣ

Institute of Economy and trade of Tajik state university of commerce in Khujand city (IET TSUC)

Соли таъсисёбӣ

2010

Навъ

давлатӣ

Ректор

Олимӣ Рауф Латифзода

Донишҷӯён

5000

Омӯзгорон

210

Нишонии ҳуқуқӣ

Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, хиёб. И.Сомонӣ, 169. Индекси почта: 735700

Сайт

iet.tj

Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон — яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Таърих[вироиш]

Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2010 таҳти рақами №59 дар пояи моддӣ-техникӣ, таълимӣ, илмӣ ва кадрии Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ таъсис дода шудааст.

Дар заминаи пояи моддию техникии техникуми кооперативии Хуҷанд (техникуми кооперативии Тоҷикистон) соли 1996 Коллеҷи кооператсияи матлуботи Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷоратии Тоҷикистон ташкил ёфт.

Тағйироти номи донишкада з соли 1996 то соли 2010:

  • 19962000 — Коллеҷи кооператсияи матлуботи донишкадаи давлатию кооперативии тиҷоратии Тоҷикистон
  • 2000—2001 — Коллеҷи тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
  • 20012010 — Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
  • аз 2010 то ҳол — Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Сохтор[вироиш]

Факултетҳо[вироиш]

Дар донишкада факултетҳои зерин амал мекунанд:

  1. Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ
  2. Иқтисодиёт технологияҳои инноватсионӣ
  3. Ҳуқуқ, тиҷорат ва фаъолияти гумрукӣ

Кафедраҳо[вироиш]

  1. Молия ва қарз
  2. Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит
  3. Молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ
  4. Тиҷорат ва ҳуқуқ
  5. Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ
  6. Менеҷмент
  7. Назарияи иқтисод
  8. Иқтисодиёти ҷаҳон
  9. Математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ
  10. Забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
  11. Забонҳои хориҷӣ
  12. Ҷомеашиносӣ

Низоми таҳсилот[вироиш]

Донишкада аз соли 2005 дар ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот қадамҳои устувор мегузорад. Аввал таҳсили донишҷӯёни 1 ихтисос, баъдтар 7 ихтисос ва аз соли 2009 бошад, ҳамаи ихтисосҳо ба низоми кредитии таҳсилот гузаронида шуданд.

Аз соли 2010 ДИС ДДТТ узви барномаи аврупоии ERASMUS MUNDUS мебошад. Ин имкон медиҳад, ки донишҷўён дар солҳои дуюм, сеюм ва чаҳоруми таҳсил дар давраҳои муайян дар донишгоҳҳои номдори Аврупо, инчунин дар доираи робитаҳои байналмилалии Донишкада дар донишгоҳҳои ИМА ва Осиё таълим гиранд, хатмкунандаҳо ва муаллимон таҳсилро дар магистратура идома диҳанд, таҳқиқоти докторӣ ва таҷрибаомўзиро дар хориҷи кишвар амалӣ намоянд.

Омӯзгорон[вироиш]

Дар ДИС ДДТТ 210 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 8 нафар докторҳои илм ва профессорон, зиёда аз 80 нафар номзадҳои илм ва дотсентҳо, 6 нафар магистрҳои илм фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд. Зиёда аз 20 нафар олимону омўзгорон дар гурўҳҳои таҳсил бо забони англисӣ ҳамаи машғулиятҳоро бо забони англисӣ мегузаронанд. Аз ҷумла дар ин гурӯҳҳо устодон аз ИМА Теренс Дрю, Ванесса Беари ва Марсел Минутоло, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин – Ян Сяоюй дарс медиҳанд.

Директор[вироиш]

Аз 12 июни соли 2016 вазифаи директори донишкадаро Олимӣ Рауф Латифзода ба ӯҳда дорад.

Пайвандҳо[вироиш]

  • iet.tj — сайти расмии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд(тоҷ.)(рус.)(англ.)