Донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбӣ
Соли таъсисёбӣ | 1993 |
---|---|
Сайт | ripo.unibel.by |
Донишкадаи Ҷумҳуриявии таҳсилоти касбӣ (рус.: Республиканский институт профессионального образования) — муассисаи олии таълимӣ, ки дар шаҳри Минск, Ҷумҳурии Белорус ҷойгир шудааст.
Маълумоти умумӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар айни замон, донишкада як муассисаи таълимии навъи интегралӣ буда, дорои вазифаҳои таъминоти илмӣ, методӣ ва кадрии системаи таълимоти касбии Ҷумҳурии Белорус мебошад. Ҳар сол тақрибан 4 ҳазор нафар дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, то 500 нафар дар асоси шартнома курсҳои такмили ихтисос, то 400 нафар дар самтҳои хадамоти шуғли аҳолии шаҳри Минск бозомӯзӣ мекунанд. Дар аспирантура 70 нафар аспирантҳо таҳсил мекунанд. Имсол 3700 донишҷӯ дар коллеҷҳои ДҶТК (РИПО) таҳсил мекунанд. Таҳсил дар коллеҷи касбӣ аз рӯи 3 ихтисос сурат мегирад ва пас аз хатми мактаби миёна дохил шуда, таҳсилро дар марҳилаи 1 ба итмом расонидан, донишҷӯён имкон доранд, ки таҳсилро дар курси 2 идома диҳанд ва маълумоти миёнаи махсус гиранд. Дар Коллеҷи омӯзгории саноатӣ омӯзиш аз рӯи 5 ихтисос гузаронида шуда, маълумоти миёнаи махсус медиҳад. Бозомӯзӣ дар курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон дар системаи таҳсилоти касбӣ дар ҳоли ҳозир аз рӯи 7 ихтисос гузаронида мешавад, шабакаи курсҳои шартномавӣ барои омӯзиш дар 15 самт имконият фароҳам меорад. Кормандони ДҶТК ҳар сол тақрибан 20 лоиҳаи илмӣ амалӣ мекунанд, зиёда аз 100 номгӯи нашрияҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ ва ғ. нашр месозанд.[1]
Ҷолиб
[вироиш | вироиши манбаъ]Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин Донишкада муносибатҳои ҳамкорӣ дорад, омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳои касбӣ - техникии Тоҷикистонро барои таҷрибаомӯзӣ ба ДҶТК мефиристад.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ДҶТК(пайванди дастнорас)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%A0%D0%B5%D1%81%D0%BF%D1%83%D0%B1%D0%BB%D0%B8%D0%BA%D0%B0%D0%BD%D1%81%D0%BA%D0%B8%D0%B9_%D0%B8%D0%BD%D1%81%D1%82%D0%B8%D1%82%D1%83%D1%82_%D0%BF%D1%80%D0%BE%D1%84%D0%B5%D1%81%D1%81%D0%B8%D0%BE%D0%BD%D0%B0%D0%BB%D1%8C%D0%BD%D0%BE%D0%B3%D0%BE_%D0%BE%D0%B1%D1%80%D0%B0%D0%B7%D0%BE%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D0%B8%D1%8F