Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттилооти куллӣ | |
---|---|
Кишвар | |
Қаламрави додрасӣ | Тоҷикистон |
Таърихи таъсис | 2013 |
Роҳбарӣ | |
Вазири масъул | Ҳасанзода Гулнора Кенҷа (аз 05.01.2023)[1] |
Вазорáти меҳнáт, муҳоҷирáт ва шуғли аҳоли́и Ҷумҳури́и Тоҷикистóн — мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон анҷом медиҳад. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақомоти дар нақшаи идоракунӣ муайяншуда ва ташкилотҳои системаи худро ҳамоҳанг менамояд. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ба роҳ мемонад.[2]
Таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- 7. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
- Муқаррар карда шавад, ки Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда мешавад.[3]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 8 марти 2018 сол.
- Сомонаи ҷойгоҳи корӣ барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русия
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- ↑ Указы Президента Республики Таджикистан | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 5 Январ 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 Январ 2023.
- ↑ "Низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон". Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 146
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 19 ноябри соли 2013, №12