Дромедар
Зоҳир
Дромедар шутури яккухонаи тезгард. Пойҳояш нисбатан дароз, пашмаш кӯтоҳи чилодор. Аз бухтӣ бо сохти сар фарқ мекунад. Онро тақрибан 4000 сол пеш аз мелод дар Арабистон ё Африқои Шимоли хонаги кардаанд. Ба иклими хушки биёбон тоб меорад. То 10 шабонаруз беоб зиндагӣ карда метавонад. Рузе то 80км (дар як соат 23,5 км) рохро тай мекунад. Барои кашонидани бор дар шароити биёбон, истеҳсоли шир. пашм ва гушт мепарваранд.