Jump to content

Евгений Павловский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Евгений Никанорович Павловский
Павловский Евгений Никанорович
Таърихи таваллуд 5 март 1884(1884-03-05)[1]
Зодгоҳ Русия
Таърихи даргузашт 27 май 1965(1965-05-27)[2][1] (81 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ академики ифтихории аи ҷшс тоҷикистон,паразитолог,энтомолог,олими зоолог
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология[d]
Алма-матер
Шогирдон Dmitry Lvov[d], Yury Balashov[d] ва Andrey Alekseyev[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Павловский Евгений Никанорович (5 марти 1884 — 27 майи 1965) — олими зоолог, паразитолог, энтомолог, Академики АИ ИҶШС (1939), академики АИТ ИҶШС (1944). Академики ифтихории Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (АИ ҶШС Тоҷикистон) (1951), генерал-лейтенанти хидмати тиббӣ (1943).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Академияи ҳарбиву тиббии Петербургро хатм кардааст (1908). Доктори илми тиб (1913), магистри зоология ва анатомияи муқоисавӣ (1917), доктори илмҳои биологӣ (1934). Мудири Шуъбаи паразитологияи ЗИН АИ ИҶШС (1930), мудири шуъбаи паразитологияи Институти умумииттифоқии тибби таҷрибавӣ (1933—1944), мудири бахши паразитологияи шуъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1933—1951), директори Институти зоологияи АИ ИҶШС (1944—1962), асосгузори Институти зоология ва паразитологияи Шуъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1941). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: морфология, систематика, биология, канаҳои гузаронандаи ангезандаҳои бемориҳои инсон ва ҳайвонот, таълимот дар бораи манбаъҳои табиии бемориҳои гузарандаи инсон ва ҳайвонот.

  • Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1964),
  • панҷ ордени Ленин,
  • ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • ордени Ситораи Сурх тақдир шудааст.
  • Арбоби шоистаи илми ИҶШС (1935).
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1943),
  • Медали тилои бо номи И. И. Мечникови АИ ИҶШС (1949),
  • медали Бузурги Анҷумани ҷуғрофии ИҶШС (1954) сарфароз гардидааст.
  • Ҷоизаи ба номи В. И. Ленин (1965),
  • Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1941, 1950).