Jump to content

Евгений Фала

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Евгений Фала

Евгений Александрович Фала (4 августи 1913, Минск — 1988, ҳамон ҷо) — роҳбари оркестр, Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1946).

Зинадгинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Киевро соли 1934 ба итмом расонда, дар оркестри низомии Округи ҳарбии Киев ба сифати солист кор кардааст. Аз соли 1940 аввал солист ва баъдан роҳбари оркестри нерӯҳои сарҳадии Комиссариати халқии корҳои дохилии Тоҷикистон (аз соли 1946 Вазорати корҳои дохилӣ) буд. Ин оркестр солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) ба мардуми ҷумҳурӣ хидмати маданӣ расонда, дар баланд рафтани рӯҳияи ватандӯстии одамон саҳм гузоштааст. Нақши номбурда дар беҳбуди фаъолият ва барномаи оркестр калон буд.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.