Забони кумзорӣ
Кишварҳо | |
---|---|
Вазъ | 4 severely endangered[d][3] |
Таснифот | |
Хат | скрипти арабӣ[d] |
Atlas of the World’s Languages in Danger | 2178 |
Ethnologue | zum |
ELCat | 3093 |
IETF | zum |
Glottolog | kumz1235 |
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ |
Кумзорӣ ё лоракӣ як забони эронии ҷануби ғарбӣ аст, ки ба форсӣ, лористониву лурӣ бисёр наздикаст.[4] Ин забон дорои 4000 то 5000 гӯишвар дар нимҷазираи Масандами (ар. شبه جزيرة مسندم) Умону ҷазираи Лораки (форсӣ: جزیرهٔ لارَک) Эрон аст.[5] Густардагии ин гӯйиш дар ду сӯии тангаи Ҳурмуз (форсӣ: تنگهٔ هرمز) аст. Ин забон танҳо забони эронӣ аст, ки дар нимҷазираи Арабистон гуфтугӯ мешавад.
Бархе манобеъи забонӣ ҳамчун Glottolog онро забоне мустақил, бархе ҳамчун ethnologue онро гӯйишӣ аз забони луриву иддае онро аз гӯйишҳои забони лористонӣ медонанд. Вожагони муштарак бисёре низ миёни ин гӯйиш бо забони лурӣ вуҷӯд дорад.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар маҷмӯъ, ҷуғрофиёии гӯйишварони кумзорӣ дар ду сӯии тангаи ҳурмузаст. Бахше аз суханварони кумзорӣ дар ҷануби Эрону бахше дар шимоли кишвари Умон сокин ҳастанд. Кумзорӣ ҳамчунин дар рӯстои Кумзор, шаҳри Хасабу (ар. ولاية خصب) шаҳри Диббо Ал-Байъа (ар. ولاية دباء) дар нимҷазираи Масандам дар Умону Имороти муттаҳидаи арабӣ низ суҳбат мешавад. Дар Лорак, ин забон ҳануз шакли аслии худро ҳифз карда, вале дар Кумзор, шаҳри Хасабу шаҳри Диббо, ба далели густардагии истифода аз забони арабӣ дар идораҳо, мадрисаҳоу радиоу телевизион, дар кумзорӣ теъдоди зиёдии вожаи арабӣ ворид шудааст.
Вобастагии забонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Glottolog кумзориро забони мустақили эронии ҷануби ғарбӣ медонад. Encyclopædia Iranica ва Ethnologue кумзориро гӯйиши (англ. dialect) забони лурӣ муаррифӣ мекунанд. Малчанова, забоншиноси рус, бар ин назар аст, ки кумзорӣ яке аз лаҳҷаҳои (англ. accent) лористонӣ аст.[6] Бо вуҷуди ин, кумзорӣ бо гӯйиши минобӣ низ шабоҳатҳои зиёд дорад. Барои луригӯён низ фаҳмо аст. [7]
Дар Умон забони арабӣ забони расмӣ аст. Муносибати пайвастаи камзорӣҳо бо арабҳо дар Умон, пайдо шудани маҷмӯи вожаҳои арабӣ (зиёда аз 30%) дар таркиби луғавии кумзорӣ, инчунин падидаи тадохули садохоро (бешкор аз калимаи қадимии «пешкор», «хайн» аз калимаи куҳантарини «оҳан» ва ғайра) боис шудаанд. Дар наҳви кумзорӣ шабоҳатҳое бо забони арабӣ Эҷод шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ScriptSource - Iran
- ↑ ScriptSource - Oman
- ↑ Красная книга языков ЮНЕСКО
- ↑ Frye, Richard Nelson (1984). The History of Ancient Iran, Part 3, Volume 7. ISBN 978-3-406-09397-5.
- ↑ Anonby, Erik John.
- ↑ Molchanova, E.K., Kumzari yazyk/dialekt, in Yazyki mira: Iranskie yazyki. I. Yugo-Z apadnye Iranskie yazyki, Moskva: Indrik, 1997, pp. ۱۹۱–۱۹۳.
- ↑ Хатои ёдкард: Барчасби
<ref>
ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номиlori-language-ii
ворид нашудааст