Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Забони эронии бостон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Забони эронии бостон ё забони ниёэронӣ (форсӣ: زبان نیاایرانی; англ. proto-iranian ё proto-iranic) – ниёзабони бозсозишудаи фарзии шохаи забонҳои эронии хонаводаи забонҳои ҳиндуурупоӣ ва ниёи забонҳои эронии форсӣ, суғдӣ, зозокӣ, мозандаронӣ, курдӣ, осӣ, пашту, забонҳои помирӣ ва чанде дигар аст.

Ниёэронӣ забоне аз гурӯҳи забонҳои сатем (аз авестоӣ: satəmсад’) ва бархоста аз забони фарзии ниёҳиндуэронӣ буда, ки он худ аз забони фарзии ниёҳиндуурупоӣ рӯида будааст. Ин забон, бар пояи бархе баровардҳо, зоҳиран камтар аз як ҳазора аз забони авестоӣ ва камтар аз ду ҳазора аз забони ниёҳиндуурупоӣ фосилаи насл доштааст.

Профессор Шерво гумон мекунад, ки забони ниёэронӣ дастикам чаҳор гӯиш дошта, ки аз дуто аз онҳо то осоре ба даст омадааст:

  1. Забони эронии шимоли ғарбии бостон (ниёи забонҳои сакоӣ, сарматӣ, алонӣ ва осӣ)[1]
  2. Забони эронии шимоли шарқии бостон (ниёи забонҳои эронии миёнае чун хоразмӣ, суғдӣ, балхӣ (кушонӣ), сакои тумшуқӣ, сакои хутанӣ ва забонҳои имрӯзии пашту, яғнобӣ ва помирӣ).
  3. Забони эронии марказии бостон (ниёи забонҳои авестоӣ ва модӣ).
  4. Забони эронии ғарбии бостон (ниёи забони порсии нав).

Бар пояи фарзия гӯргон [англ. Kurgan hypothesis] гумон мешавад, ки ниёэронёни фарзӣ дар оғози ҳазораи дувуми пеш аз мелод зиндагӣ мекардаанд ва ба ҳавзаҳои бостонии ниёҳиндуэрониён ва Андроново ё бархе тамаддунҳои пуштакӯҳи Эрон муртабит мешаванд.

Баробарҳои воҷшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
PIE[2]AvPIEAv
*pp*ph₂tḗr "падар"pitar- "падар"
*bʰb*réh₂tēr "бародар"bratar- бародар
*tt*túh₂ "ту"tū- "ту"
*dd*dóru "дор"dāuru "дор"
*dʰd*oHneh₂- "дона"dana- "дона"
*ḱs*m̥t "даҳ"dasa "даҳ"
z*ǵónu "зону"zānu "зону"
*ǵʰz*ǵʰimós "сармо"ziiā̊ "сармо"
*kx ~ c*kruh₂rós "хунин"xrūda "хунин"
*gg ~ z*h₂éuges- "нерӯ, тавоноӣ, зӯрӣ"aojah "нерӯ, тавоноӣ, зӯрӣ"
*gʰg ~ z*dl̥h₁ós "дароз"darəga- "дароз"
*kʷk ~ c*ós "кӣ"kō "кӣ"
*gʷg ~ j*ou- "гов"gao- "гов"
Proto-Indo-IranianАвестоӣ[3]Порсии бостонФорсӣКурдӣСанскрити ведоӣ
*Háĉwas 'horse'aspaasa (native word)[4]اسب asb (< Median)hespáśva
*bʰagás 'бахш'baγabaga (бағ)باج bâj (боҷ)parçebhága
*bʰráHtā 'бародар'brātarbrātāبرادر бародарbira(der)bhrā́tr̥
*bʰúHmiš 'замин, бум'būmibūmišبوم бумbhū́mi
*mártyas 'миро, мард'maṣ̌iiamartiyaمرد mard (мард)mêr(d) (мард)mártya
*mā́Has 'моҳ'mā̊māhaماه mâh (моҳ)mang (моҳ), meh (моҳ)mā́sa
*wasr̥ 'баҳор'vaŋrivaharaبهار баҳорbiharvāsara 'бомдод'
*Hr̥tás 'ростӣ'ašaartaراست рост (дуруст)rastr̥tá
*dʰrawgʰ- 'дурӯғ'drujdraugaدروغ дурӯғdiro, derew (дурӯғ)druh-
*sáwmas 'афшурда'haoma*haumaهوم ҳумsóma
  1. Fortson, Benjamin (2004). Indo-European language and Culture: An Introduction. Wiley-Blackwell. p. 238. ISBN 978-1-4051-0316-9.
  2. Encyclopedia of Indo-European culture. Mallory, J. P., Adams, Douglas Q. London: Fitzroy Dearborn. 1997. ISBN 1884964982. OCLC 37931209.
  3. Skjærvø, Prods Oktor (2003). "Glossary". An Introduction to Young Avestan.
  4. Fortson, Benjamin (2004). Indo-European language and Culture: An Introduction. Wiley-Blackwell. p. 238. ISBN 978-1-4051-0316-9.