Зайниддин Наботов
Зоҳир
Зайниддин Наботов (тав. 8. 05. 1955, ноҳияи Куйбышев (имрӯза А.Ҷомӣ), файласуф, номзади илмҳои фалсафа (2002), дотсент (2010).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1973–1979 дар факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1979–1990 муаллими мактаби миёна дар н. Куйбышев, 1990–2002 ходими илмии Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ буд. Аз соли 2003 то ба имрӯз дар кафедраи фалсафа ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Муаллифи 2 асари илмӣ ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Мавзӯи асосии корҳои илмӣ ва тадқиқотии ӯро масъалаҳои тасаввуф, таълимоти нақшбандия ва ҷойҳои муқаддаси Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷойҳои муқаддаси Тоҷикистон. Дар чаҳор қисм, Д., 1996;
- Масъалаи инсон дар нақшбандия, Д., 2002.