Jump to content

Заминшиносии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Заминшиносии Тоҷикистон
 Парвандаҳо дар Викианбор
Нақшаи заминшинохтии ҷаҳон

Заминшиносии Тоҷикистон — сохтори заминшиносии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ноҳиябандии заминсохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ин сарзамин ду плитаи азими тектоникии Замин — Авруосиё аз шимол ва Гондвана аз ҷануб ба ҳам бар­хӯрдаанд. Ин бархӯрд тӯли 200 млн соли охир идома дорад ва дар айни замон дар шакли ду низом (система)-и азими кӯҳии Осиё — Тиёншон (дар шимол) ва Помир (дар қисми ҷанубу шарқӣ) ифода ёфтаанд[1].

Заминшиносии сарзамини Тоҷикистон то солҳои 60-70 ас­ри 20 аз нигоҳи консепсияи асосии заминшинохтии маъмулу ҳукмрон — фиксизм, ки танҳо ҳаракатҳои амудиро асоси таҳаввули сохтори заминшиносӣ қарор дода, ҳаракатҳои уфуқиро ҳамчун раванди дуввумдараҷа мешуморид, амсила­гирӣ када мешуд. Ин ақида ба таҷрибаи садсолаҳои таҳқиқи қисми хушкии Замин, ки ҳамагӣ 25%-и сатҳи онро ташкил ме­диҳад, асос ёфта буд. Бо густариши васеъи таҳқиқи қаъри уқёнуси ҷаҳонӣ, истифодаи усулҳои ҷадиди кимиёӣ, фи­зикӣ ва риёзӣ дар амсиласозиҳои заминшинохтӣ тафаккури нав (консепсия) — мобилизм рӯи кор омад ва ғояҳои фиксистӣ тадриҷан аз саҳнаи илми заминшиносӣ дур шуданд, ҳарчанд ҳоло ҳам, дар миёни бархе аз муҳақ­қи­қон — гу­рӯҳи заминшиносони Тоҷикистон ва Русия (мактаби Ленин­град—Санкт-Петербург) пайгирӣ мешаванд.

Ҳудуди Тоҷикистон аз рӯи хусусияти сохтори заминшиносӣ ба 5 ноҳияи заминшинохтӣ ноҳиябандӣ мешавад:

  • Тоҷикистони Шимолӣ
  • Тоҷикис­тони Шимоли Шарқӣ
  • Тоҷикистони Марказӣ
  • Тоҷикистони Ҷануби Ғарбӣ
  • Тоҷикистони Ҷануби Шарқӣ

Ноҳияҳои заминшинохтӣ бо хусусиятҳои ҷуғрофиёии маҳал алоқаманд буда, дар маҷмӯъ пайдарҳамии силсилаи силсилакӯҳҳои ба самти арзӣ тӯлкашида ва во­ди­ҳои фарохро ифода мекунанд. Ноҳияҳо аз якдигар бо таъ­рихи заминшиносӣ, сохтор ва марҳалаҳои асосии таҳав­вулот фарқ мекунанд.

Ноҳияи Тоҷикистони Шимолӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тоҷикистони Шимолӣ қисми тоҷикистонии силсилакӯҳи Чатқалу Қурамаро дар бар гирифта, аз ҷиҳати гео­логӣ ҷузъи сохтори Тиёншони Мобайнӣ ба ҳисоб меравад. Сарҳадди ҷанубии ноҳия шикаста (рӯйпӯш)-и азими Фарғонаи Шимолӣ ба ҳисоб меравад, ки бисёр тӯл кашида, аз ғарб ба шарқ, сарзамини Ӯзбекистону Тоҷикистонро убур карда, ба ҳудуди Қирғизистон мегузарад ва унсури азими Тиёншон — сигмоидаи Фарғонаро ташкил медиҳад. Тоҷикистони Шимолӣ аз ҷиҳати геологӣ қисми шарқии мин­тақаи вулкании Қизилқум-Қурамаро, ки ҷузъи азими минтақаи континенталии Авруосиё аст, ташкил медиҳад. Қишри замини ноҳия бо хусусияти бартарии ҳиссаи ҷинсҳои унсур­ҳои кимиёии бо гурӯҳи оҳану магний ҳамсафар аз дигар ноҳияҳои геологӣ фарқ дошта, чандон ғафс нест (38-40 км).

Таърихи инкишофи геологии ноҳияро аз замони протерозой-токембрий, аз пайдоиши қишри континенталӣ барқарор кардан мумкин аст. Дар оғози палеозой (давраи палеозойи аввал), дар давраи кембрий-ордовик минтақаи мазкур хушкии фарохро ме­монд. Дар давраи ордовик — оғози силур минтақа қисми канории уқёнуси қадими Туркистон буда, дар он таҳ­шинҳои терригении маҳинзарра ғун шуда буданд. Дар марҳалаи анҷоми силур-девон он ба ҷазираи алоҳида мубаддал шуда, дар он вулканҳо чандин бор хуруҷ карданд. Минтақа дар миёнаи девон — давраи ангиштсанг ба канори уқёнус мубаддал шуда, дар он қабатҳои азими оҳаксангҳо ташаккул ёф­танд. Дар анҷоми палеозой — давраи триас минтақа ба мар­ҳалаи фаъоли ташаккул фаро гирифта шуда, ба қисми ҷанубии палеоконтиненти Қазоқистон пайваст шуд. Дар қишри ин қисм, ки ҳамзамон канори шимолии уқёнуси қадими Туркистонро ташкил медод, субдуксия — ҳаракати плитаи уқёну­сӣ ба зери он авҷ гирифта, сабаби хуруҷи пуршиддати вулканҳо гардид. Дар баробари густариши саросарии вулканҳо, магматизми дохилиқишрӣ — раванди азими интрузия рух дод.

Хусусияти фарқкунандаи ноҳияи То­ҷи­кистони Ши­мо­лӣ аз дигар ноҳияҳои геологии Тоҷикистон хуруҷи якҷо ва ба ҳам муртабити вулканизм ва интру­зияҳо мебошад, ки барои ташаккули кан­даниҳои гуногун ша­роити мусоид фа­роҳам овардааст.

Дар давраи анҷоми мезозой-кайнозой ноҳия қисми канории аз ҷиҳати гео­логӣ ғайрифаъоли хушкиро, ки дар он ҷинс­ҳои таркиби оҳаксангдор ва зар­ра­ӣ таҳ­шин шуданд, ташкил медод. Ин мар­ҳала ҳамчун замо­ни ташаккули ҷинс­­­­­­ҳои молассии иборат аз ҷинсҳои кӯ­ҳии таҳ­ши­нии зар­­раӣ, ки бештар барои режими кон­ти­нен­талӣ хосанд, маълум аст. Дар ин давра магматизм умуман зуҳур нашудааст.

Тоҷикистони Шимоли Шарқӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тоҷикистони Шимоли Шарқӣ қис­ми тоҷикистонии ҳавзаи Фарғонаро фа­ро мегирад. Ноҳия саросар аз таҳ­шин­­ҳои замони нав (аз 200 млн сол ҷавон­тар) — мезозой ва кайнозой, ки ғафсии умумиашон зиёда аз 11 км мебошад, иборат аст. Дар канораҳои ҷанубии он ҷинсҳои кӯ­ҳии палеозой ба рӯи замин баромадаанд, ки табиати таҳ­ши­нӣ, маг­ма­вӣ ва метаморфӣ доранд.

Ноҳия аз шимол ва ҷануб таносубан бо шикастаҳо (ха­миҳо)-и тӯлонии Фарғонаи Шимолӣ ва Фарғонаи Ҷа­нубӣ маҳдуд мешавад. Сатҳи минтақаро ҷинсҳои давраи мезозой-кайнозой аз давраи анҷоми триас пӯшондаанд, ки тар­киби онҳо саросар ҷинсҳои таҳшинии зарраӣ бу­да, ҷинс­ҳои таҳшинии кимиёӣ, ба мисли намакҳо (гач, ангид­рит) низ вомехӯранд.

Ноҳия дар давраи мезозой-кайнозой режими тадриҷан фурӯхамиданро, ки барои сарҷамъии ҷинсҳои таҳшинӣ му­­­со­идат мекард, аз сар гузаронидааст. Дар давраҳои юра, бӯр ва палеоген канораҳои ноҳия, ки бо шикастаҳои ази­ми тектоникӣ маҳдуд буданд, пайваста, боло шуда, аз сат­ҳи онҳо ба минтақаи дохилӣ маводди таҳшинӣ нақл мешуд. Дар аввали давраи неоген андозаи ноҳия дар на­ти­ҷаи маҳ­дудияти режими таҳшинӣ торафт кам шуда, ба новаи танг мубаддал шудааст.

Пайдоиши ноҳия ба аввали давраи триас мансуб буда, дар давраҳои триасу юра ҷинсҳои терригении бокситу ангиштдор таҳшин шудаанд. Дар давраҳои табошир ва палеоген дар ҷои он халиҷи тунукоби баҳрӣ мавҷуд буд, ки дар он ҷинсҳои гачдор ҷамъ мешуданд. Дар натиҷаи ҳа­ракатҳои тектоникии мусбат иқлими баҳрӣ бо иқлими хушкӣ иваз шуд. Дар ҷой­ҳои фурӯхамидаи минтақа қа­бат­­ҳои ғафси ҷинсҳои терригенӣ (конгломерат, регсанг, алевролит, гил) ва дар кӯлобҳои хушкшуда гач, намак ва ғ. пайдо шуданд. Дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникии кӯ­ҳ­­­­­о­фарандаи марҳалаи дуввум, ки то кунун идома дорад, релйефи минтақа симои имрӯзаи худро гирифт.

Дар шарқи ноҳия қабати континенталии триасу юра воқеъ аст, ки зиёда аз 3 км ғафсӣ дорад ва бо мурури ба самти ғарб гузаштан ғафсияш то 1,4 км ко­ҳиш меёбад. Дар давраи бӯр дар ҳавзаи Фар­ғона асосан ҷинсҳои кӯ­ҳии континенталии сурхранг ва терригении рангоранг, ки барои режимҳои баҳрӣ ва лагунавӣ (шабеҳ ба то­лоб­ҳои ка­нор­ибаҳрӣ) хоссанд, инчунии молассаҳои гуногун паҳ­ноии ва­сеъ доштанд.

Давраи палеоген бо режими устувори баҳрӣ, ки ба ҷамъшавии қабати ғафси (зиёда аз 3 км) ҷинсҳои кӯҳии гил ва карбонатдор сабаб шудааст, гузаштааст. Аз замони неоген суръати ҳаракатҳои амудии қитъаи ноҳия шиддат ёфта, номунтазам гаштааст, ки ин ба пайдошавии қабати зиё­да аз 3-километрии молассҳо (ҷинсҳои кӯҳии таҳши­нӣ)-и кон­тиненталӣ овардааст. Дар қисми поинии таҳ­шин­ҳои ин давра ҷинсҳои кӯҳии сурхранг, асосан гилдор, дар қисми боло — ҷинсҳои кӯҳии хокистарранги конг­ломератӣ ташаккул ёфтанд. Дар шимолу ғарбии ҳавзаи неоген таркиби молассаҳо якбора тағйир ёфта, дар он қабатҳои ҷинс­ҳои кӯҳии табиати кимиёидошта, ба мисли намаксанг ва гач (то 2 км) пайдо шудаанд. Ғафсии қабат­ҳои таҳшинҳои давраи бӯр 1,7 км, давраи палеоген 0,4 км мебошад. Ғаф­сии қабати моласса зиёда аз 4 км-ро ташкил медиҳад. Набудани ҷинсҳои зарраӣ, ба монанди конг­ломератҳо, дар мар­ҳалаи ҷавонтарини геологии но­ҳия далели мав­ҷу­дияти режими канорибаҳрии тунукоб мебошад.

Ташаккули чинҳои арзӣ, ҳамчунин шиддати ҳаракатҳои тектоникии давраҳои неогену антропоген сохтори хоссаи ноҳияро ташкил додаанд. Шикастаҳои нисбатан кӯтоҳ ва дорои умқи начандон зиёд ба он сабаб шуданд, ки дар ҳу­дуди ноҳия қитъаҳои мухтор (мустақил) пайдо шаванд: дар шимолу шарқ (пастии фарохтарини машҳур бо но­ми депрессияи Фарғона), дар қисми миёна ва дар ҷа­нубу шарқ.

Таърихи инкишофи геологии ноҳия қонуниятҳои хосси худро дорост. Дар давраҳои юра, бӯр ва палеоген пайдоиши қабатҳои ғафс дар қисми шарқии ҳавзаи Фарғона ва коҳиши батадриҷи онҳо дар қисми ғарбии он хос аст. Дар канораҳои ҳудуди ноҳия, бо сабаби ташаккули режими баҳ­­­рӣ дар шароити баландшавии батадриҷи маҷмааҳои па­ле­озойӣ, қисми поинии буриши геологӣ маҳдуд шуда, ҷин­сҳои давраи палеозой бевосита бо ҷинсҳои кӯҳии дав­раи палеоген рӯйпӯш шудаанд.

Дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикистони Шимоли Шарқӣ му­тобиқ ба сохтори геологӣ, зуҳуроти нафту газ гус­тариш ёфтааст.

Тоҷикистони Марказӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тоҷикистони Марказӣ аз нигоҳи геологӣ қис­ме аз ноҳияи геосинклиналии Осиёи Марказӣ мебошад; сохти тектоникии он асосан дар натиҷаи ҳа­ракатҳои чин­доршавии анҷоми палеозой ба вуҷуд омада, маҷ­мааи муосири кӯҳ­сорро ҳаракатҳои ҷаво­ни давраи алпӣ ба вуҷуд овардаанд.

Дар гузашта, дар поини эраи протерозой ва оғози эраи палеозой (640—530 млн сол қабл) сарзамини ноҳия уқёнуси бузург — Тетисро мемонд. Бо му­рури таҳаввулоти геологӣ-геодинамикӣ, дар мар­­ҳалаи аввал (давраи кембрий-силур) дар уқё­нус қа­батҳои ҷинсҳои таҳшинии гуногунтаркиб ва дорои ғаф­сии гуногун пайдо шуданд. Дар давраи баъдӣ (девон) дар дохили уқёнус силсилакӯҳҳои зе­ри­обӣ ташаккул ёфтанд.

Тоҷикистони Марказӣ бо шикастаҳо (рӯп­ӯш­ҳо)-и ази­ми Фарғонаи Ҷанубӣ, Зарафшон ва Ҳи­сору Қа­ро­тегин ба се минтақаи тектоникӣ тақ­сим мешавад: Туркистону Зарафшон, Зарафшону Ҳи­­сор ва Ҳисори Ҷанубӣ, ки аз ҷи­ҳати шароити геодинамикии ташаккул аз ҳам фарқ мекунанд ва аз террейнҳои табиати гуногундошта иборатанд. То­ҷикистони Марказӣ террейни қади­ми Қаро­тегин (блоки Ғарм-ро низ дар бар мегирад, ки онро маъмулан поя (фундаменти)-и минтақаи Ҳисори Ҷа­нубӣ меноманд. Таърихи палеозой ва қисман ибтидои мезозой рушди геологии минтақаҳои геологии Тоҷик­ис­тони Мар­казӣ аз якдигар кул­лан фарқ мекунад. Дар аввали мезозой шароити геологии минтақаҳо бо сабаби ба анҷом расидани мар­ҳалаи уқё­нусии таҳаввулот ва амалан ба як иншооти яксохти кӯҳӣ мубаддал гардидан ягона шуданд. Таърих ва шароити рушди ин мар­ҳалаи мин­тақаҳо ҳамчун буда, танҳо аз рӯи миқё­си зуҳури ра­ванд­ҳои геологӣ фарқ мекунанд. Хусусияти ин марҳала мавҷуд набудани магматизм мебошад.

Минтақаи Туркистону Зарафшон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Минтақаи Туркистону Зарафшон нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Туркистон, қисми асосии нишебии шимолии он, қисми поинии нишеби шимолии силсилакӯҳи Зарафшон ва қадимтарин маҷмааҳои геологӣ — қабатҳои карбонатию терригении кембрий тамоми қисми меҳварии силсилакӯҳи Туркистонро ишғол кардаанд. Ин маҷмааҳо бо варақ­санг­ҳо (сланетсҳо)-и слюдадор, алевролитҳо, рег­санг­ҳои ордовик пӯшида шудаанд, ки дар навбати худ дар болои онҳо варақсангҳои силитсийдор, карбонатҳою гил­ҳо, алев­ро­литҳо, гравелитҳо, ҷинсҳои гуногунтаркиби вул­ка­нии силури поинӣ хобидаанд. Силури болоӣ аз ва­рақ­санг­ҳои ги­лӣ, алевролитҳо, регсангҳо ва баъзан оҳак­санг­ҳо иборат аст. Маҷмааи системаи девон ҷинсҳои силит­сияӣ, алев­ролитҳо, регсангҳо ва конгломератҳоро дар бар мегирад, ки дар қисми болоӣ бо оҳаксангҳо ва доло­мит­ҳо иваз мешаванд. Магматизми интрузияӣ дар маҷ­мӯъ қариб 11%-и ҳудуди минтақаро ишғол мекунад.

Минтақаи Зарафшону Ҳисор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Минтақаи тектоникии Зарафшону Ҳисор бо шикасти За­раф­шон аз минтақаи Туркистону Зарафшон ҷудо мешавад. Хусусияти минтақа густариши васеи ҷинсҳои ме­таморфӣ (аз давраи токембрий то палеозойи болоӣ) ме­бо­­шад. Ба онҳо варақсангҳои Яғноб ва ҷинсҳои ба онҳо баробари блоки Ғарм дохил мешаванд. Минтақа ҳамчун баҳри канории палеоуқёнуси Туркистон рушд кардааст. Хусусиятҳои геологияи минтақа дар инкишофи васеи фор­­матсияҳои геосинклиналии ордовику силур, ки бо мо­­­ласс­ҳои тунуки баҳрӣ (аз давраи охирини ангиштсанг то давраи перм) ва болотар бо маҷмааҳои таҳшинии субконтиненталии соҳилибаҳрӣ (триаси болоӣ — палеоген) пӯшида шудаанд. Дар марҳалаи аввали рушд (ордовики миёна ва анҷоми ордовик), таҳшинҳои маҳинзарраи клас­тикӣ пайдо шуда, дар баъзе маврид вулканҳои базитӣ ху­руҷ мекунанд. Аз аз асри венлоки давраи силур дар на­тиҷаи зуҳури ҳаракатҳои амудӣ шароити таҳшиншавӣ тағйир ва қабати карбонатҳову маводди терригенӣ ташак­кул меёбад. Бахусус, густариши қабатҳои ғафси доло­мит­ҳо — нишон­ди­ҳандаи мухторият (маҳдудият)-и баҳр, ки дар охири давраи силур ба амал омадааст, қобили та­ваҷ­ҷуҳ аст. Минбаъд (силур-девон), тафриқаи дохили­ҳав­заӣ босуръат ба вуқуъ пайваста, ташаккули қабатҳои гуногунтаркиб ва дорои сохтори мураккаб, алалхусус пай­­доиши қабатҳои силитсий ба таври васеъ инкишоф меёбад. Пайдоиши таҳ­шинҳои баҳрӣ дар миёнаи давраи карбон аз ҳи­со­би ко­ҳи­ши масоҳати ҳавза ва тафриқаи он қатъ мешавад, минтақа чун депрессияи алоҳида ташаккул ёфта, дар он маҷмааи молассҳо ривоҷ ёфтаанд (миёна ва анҷоми дав­раи ангиштсанг). Форматсияҳои тафтаӣ (магмаӣ)-и мин­­­та­­қаи Зарафшону Ҳисор доираи хеле васеи ҷинсҳоро аз базалтоидҳои ултраасосӣ то гранитҳои турш ва ултратурш дар бар мегирад. Онҳо дар таърихи палеозойи мин­тақа бо танаф­фусҳои мавсимӣ пайдо шу­да, ҳамчун як ни­шон­диҳан­даи мав­ҷудияти марҳалаҳои гуногуни рушди гео­логӣ арзи ҳастӣ мекунанд.

Минтақаи Ҳисори Ҷанубӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Минтақаи Ҳисори Ҷанубӣ сохторест, ки бо паҳноии то 40 км (дар сатҳи буриши муосир) дар самти арзӣ ба масофаи 200 км тӯл кашидааст. Минтақа ҳавзаи хоссаи палеозойии палеоуқёнусӣ ҳисобида мешавад. Дар шимол он аз минтақаи Зарафшону Ҳисор бо шикастаи Ҳисори Ши­мо­лӣ ва дар ҷануб бо шикастаи Ҳисору Қаротегин (Ҳисо­ру Кукшоол, Ҳисори Ҷанубӣ) аз микроконтиненти Қаро­қум маҳдуд мешавад. Дар шарқ, минтақа ба зери маҷма­аҳои геологии мезозой-кайнозойи водии Олой фурӯхам шуда, нопадид мегардад. Хусусияти сохтори минтақа, ки онро аз минтақаҳои дигари Ҳисору Олой мутафовит мекунад, ноқис ва кам шудани ғафсии маҷмааҳои палеозойи миёна ва рушди хеле васеи вулканҳо ва гранитоидҳои палеозойи дерин мебошад. Фарқи дигари минтақа густариши са­ро­сарии ҷинсҳои вулканию таҳшиние, ки дар сох­тор­ҳои риф­ти замони ангиштсанг ба вуҷуд омадаанд ва гра­ни­то­идҳои аввалини ноҳияи Тоҷикистони Марказӣ мебоша­нд.­ Гра­нитоидҳои ноҳия майдони азими гранитоидии Тиёншонро (зиёда аз 12 ҳазор км²) ташкил медиҳанд. Зу­ҳури нахустини уқёнус — пайдоиши рифт дар Ҳисори Ҷанубӣ табиати континенталӣ ва уқёнусӣ дорад: ташаккули рифти Ҳисор дар марҳалаи аввал дар заминаи континент (хушкӣ) сурат гирифтааст. Сипас, рифт шиддат ги­­рифта, ба умқи зиёд ра­сид ва ба режими уқёнусӣ гузаштааст, яъне маҷмааҳои ҳамсинни риф­тии вулканию таҳ­шинӣ ҳам дар сатҳи қиш­ри конти­нен­талӣ ва ҳам дар сатҳи қиш­ри уқёнусӣ ба вуҷуд омадаанд. Ғафсии умумии қисми таҳ­шинии вулкании офиолитҳо аз 2 км зиёд аст. Дар замони визейи давраи ангиштсанг, дар шимоли Ҳи­сори Ҷанубӣ андезит­ҳои ҷази­раӣ хуруҷ карданд. Маҷ­­мааҳои ҷазираӣ бо маҷмааи турбидитҳо (таҳшинҳои ма­ҳинзарра), ки чун маҷмааи фл­иш маъмуланд, пӯшида шудаанд. Маҷ­мааҳои баъдии иборат аз таҳшинҳои терригению вул­канӣ дат­ситҳо, рио­лит­ҳо, туфҳои онҳо, инчунин қабат­чаҳои конг­ломератҳо ва рег­сангҳо то 2 км ғафсӣ доранд.

Таърихи марҳалаи охири перму триасии Тоҷикистони Марказӣ бо ташаккули як кишвари кӯҳистонӣ иртибот дорад, ки дар он денудатсия (маҷмӯи равандҳои вайроншавии ҷинсҳо) авҷ гирифта, равандҳои тектоникӣ ба эътидол ва қабатҳои фарсоишӣ ба вуҷуд меоянд. Дар оғози мезозой, минтақаҳои Тоҷикистони Марказӣ дар натиҷаи зуҳуроти ҳаракатҳои қавии уфуқӣ, ба марҳалаи платфор­маӣ ворид шуда, тадриҷан ба сохтори ягонаи аккретсионию коллизионӣ мубаддал мешавад. Марҳалаи мезозой ва кайнозойи рушди ноҳия шароити континенталӣ ва то­лобӣ дорад. Таҳшинҳои давраи юра комилан терригенӣ бу­да, қабатҳои ангишт низ доранд. Маҷмааҳои давраи бӯр аз таҳшинҳои реҷаҳои лагунавӣ ва толобӣ иборатанд. Таърихи олиготсену голотсен ташаккули молассҳои маъмули континенталиро дар бар мегирад. Барои марҳалаи охири рушди То­ҷикистони Марказӣ тағйир ва табдили муназзами маҷ­мааҳои терригению варақсангии (бо ангишт) давраи триаси дерин ва юра, терригени сурхранги давраи бӯр, кар­бо­натҳои давраи палеоген ва молас­сои­дҳои континенталии давраи неоген хос аст. Маҷ­мааҳои ин мар­ҳа­ла тан­ҳо дар депрессияҳои бо шикастаҳо маҳ­дуд­шуда (Мо­ғиён, Фону Яғноб, Зидеҳ ва ғ.) паҳн шудаанд.

Тоҷикистони Ҷануби Ғарбӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Табиати пояи но­ҳия би­но бар дар зери қабатҳои ғаф­сии фав­қулода зиёд (беш аз 11 км) доштани таҳшинҳои мезозой ва кайнозой номуайян аст. Аз ин сабаб, тах­мин кардан мумкин аст, ки тақ­рибан дар тӯли таърихи то замони мезозой ҳудуди Тоҷи­кистони Ҷанубӣ мин­та­қаи геосинклиналӣ буд.

Қонунияти умумии рушди ноҳия дар та­ғйир­и аз ҳад зиёд ва номуназзами режими таҳшинӣ, тағйи­ри шароити баҳ­рӣ, конти­ненталӣ ва лагу­наӣ ифода меёбад.

То оғози мезозой ҳудуди ноҳия ба мавзеи хуш­кӣ (кон­тиненталӣ) шабоҳат дошт. Дар нимаи дуввуми давраи триас, дар шароити континенталӣ қа­бат­ҳои регсанг ва аргил­литҳо пайдо шуданд ва дар муҳити фарсоиши гу­мидӣ, ҷо-ҷо қабатҳои каолин рушд меёбанд. Дар анҷоми давраи юра қабатҳои гач, оҳак­санг, гилҳои сурхранг ва намакҳо таҳ­шин мешаванд. Қис­­­ми болоии ин қа­бат дар ноҳия паҳ­нои хеле зиёд дорад. Дар марҳалаҳои ге­ологии киммериҷ ва титони давраи юра, дар ғарби ноҳия режими лагунавӣ зу­ҳур карда, дар шарқ тадриҷан ба режими кон­тиненталӣ мубаддал мегардад. Дар ин мавзеъ конг­ло­мерат­ҳои сурхранг, регсанг­ҳо ва гилҳо, ки бо қабатҳои ҷин­сҳои гачдор пӯ­ши­да шудаанд, му­шо­ҳида мешаванд. Лагу­наҳо (халиҷ ё кӯли аз баҳр ҷудо­шу­да)-и канори со­ҳи­ли баҳри давраи юра ба реҷаи кон­ти­ненталӣ мегузаранд, ки ин ба тағйири тад­ри­ҷии таркиби таҳшинҳо аз гачҳо ба тер­ригенҳои сурхранг, ки хосси давраи бӯри пои­нӣ мебошанд, сабаб мешавад.

Маҷмааҳои давраи бӯр ба тариқи трансг­рессивӣ, бо конг­ломератҳои базалии сурх, дар сатҳи эрозияшудаи маҷ­мааи юра, дар баъзе мавзеъ (палеозой) мехобанд. Ғафсии қа­бат­ҳои онҳо устувор набуда, он аз 9-100 м дар шимол (қа­батҳои сурхранги континен­талии иборат аз конгло­мерат­ҳо, регсанг­ҳо, гилҳо) то 1 000-1 100 м дар ҷануб тағйир меёбад. Ғафсии қабат­ҳои замони сеномани давраи бӯр ба ҳисоби миёна аз 150 м зиёд набуда, дар ғарб то ба 500 м мерасад. Дар замони турон гилҳо ва баъдан оҳаксангҳо таҳшин мешаванд. Ғафсии қа­батҳои турон аз 70 то 300 м буда, аз шимолу шарқ ба сам­ти ҷанубу ғарб зиёд мешаванд. Дар сар­ҳадди миёни замони турон ва сенон таҳ­шин­ии гачҳо ва гилҳои гачдор авҷ мегирад. Таркиби ин таҳшинҳо аз шарқ ба ғарб тағйир ёфта, ҳиссаи оҳак­сангҳо дар ин самт бо зиёд шудани гил­ҳои гач ва гачдор кам мегардад. Ғафсии қабат­ҳои сенон аз шимолу шарқ ба самти ҷанубу ғарб аз 100 то 250 м зиёд мешавад. Дар ас­ри дат (табақаи поинии давраи палеоген) режими суб­кон­тиненталӣ ҳукм­рон ва гачҳо (хусусан дар қисми шарқӣ), ҳамчунин конгломерату рег­санг­ҳои сурхранг ҷамъ мешаванд.

Дар давраи палеотсен-олиготсен режими лагуна ба ҷои баҳрӣ иваз мешавад ва дар ин шароит оҳак­санг­ҳои ғаф­сиашон то 60 м (қабатҳои Бухорои замони палеотсен), ки дар самти канори ноҳия кам мешаванд, шакл гирифтанд, гачҳо дар шакли фаровон (то 50 м) таҳшин шудаанд. Ғафсии умумии таҳшинҳои палеоген аз 150 м дар шимол ва то 500 м-ро дар қисмҳои ҷанубӣ ташкил медод. Дар нимаи олиготсен реҷаи баҳриро реҷаи континенталӣ иваз мекунад ва дар ин шароит қабатҳои дағалзарраи сурхранг ва қа­бат­ҳои тунуки гач ба вуҷуд омадааст.

Ҳаракатҳои тектоникии замони Алп, ки таркибан аз ҷинс­ҳои давраи палеозой иборатанд, боиси ҷамъшавии қабатҳои конгломератҳои сурхранг ва оҷорӣ гардидаанд. Қабатҳои ғафси (зиёда аз 3,5 м) конгломератҳои неоген таҳти кунҷҳои гуногун дар болои қабатҳои мезозой ва палеоген мехобанд. Дар интиҳои давраи неоген қабат­ҳои мезозой ва кайнозойи Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ ба раванди чиндоршавӣ фаро гирифта шуданд. Чинҳо дар нақ­ша ҳам­чун қавсҳо (камонҳо)-и ба ҳам мувозӣ, оғоз аз шимолу шарқ ба самти ҷанубу ғарб тӯл кашида, авҷ мегиранд ва тадриҷан дар ҷануб нопадид мешаванд. Ин чин­ҳо ҳоло дар маҳал дар шакли силсила­кӯҳҳои паст (баландиашон то 2-2,5 км) мавҷуданд.

Шароити геологии ноҳияи Тоҷикистони Ҷануби Ғарбӣ, алалхусус давраҳои юра, бӯр ва палоген барои пайдоиши нафту газ мусоидат кардааст.

Тоҷикистони Ҷануби Шарқӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тоҷикистони Ҷануби Шарқӣ (Помир) ҷуз­ъи томи гео­логияи сарзамини Тоҷикистон ва сох­тори азими ҷаҳо­нии Алпу Ҳимолой мебошад. Ноҳия қариб 47%-и масо­ҳати кишварро фаро гирифта, нақши он дар таҳав­вули геологии сарзамини Тоҷикистон бениҳоят муҳим аст.

Ақидаҳои геологҳо доир ба геологияи Помир аз якдигар фарқ дошта, аммо хусусиятҳои фавқу­лодаи сох­ти геологии Помирро, ба монанди ғафсии барзиёди қишри Замин (то 70 км), суръати баланди ҳа­ра­катҳои ҷадид (то 8-10 см дар як сол), сохти нақшаии қавсшакли мин­тақаҳои асосии он ва ғ. ба гунаи асоснок маънидод мекунанд.

Помир қисми таркибии иншооти чиндоршударо, ки дар ҳудуди қисми шимолии бахши осиёимиёнаии мин­та­қаи Алпу Ҳимолой ҷойгир аст, ташкил меди­ҳад. Аз ди­ди муосир сохтори чиндори Помир аз силсилаи пулак-пулакҳои азими болои­ҳамхо­бидаи бо ғеҷишҳои тарвоза халалёфта таркиб ёфтааст.

Сохтори Помирро чун ҷузъи таркибии синтаксиси Помиру Панҷоб, яъне унсури асосии қисми шимолии плитаи Гондвана, ки бо номи плитаи тектоникии Ҳиндустон маъмул аст, ҳи­со­бидан мумкин аст. Тарҳи нақшаии сохтори геологии Помир ба қавс, дос ё ҳилол шабоҳат дорад, ки камони он ба самти шимол аст. Ин ис­тилоҳ «қавсҳои Помир» ном гирифта, дар адабиёти ҷа­ҳонӣ маъмул ва мисоли классикии таҳаввулоти мин­та­қаии гео­логӣ ба шумор меравад. Табиати ин қавс чунин аст, ки ҳаракат­ҳои тектоникии давраи мезозой-кайнозой, ки аз ҷануб манбаъ гирифтаанд, самти шимолӣ дошта, тад­ри­ҷан ва муддати тӯлонӣ ба сохтори геологии Авруосиё, мушаххасан, қисми ҷанубии он — қитъаи Тарим фишор овар­даанд (ва меоранд). Ташаккули геологии Помир низ маҳз бо сохтори азими Гонд­вана робита ва ҳамбастагӣ дорад. Ҳаракати он дар баробари фи­шо­р­оварӣ қисми шимолии Гондвана (яъне маҷмааи Помир)-ро ҳам давр мезанонад ва то ба ҳол идома дорад.

Ҷиҳати хоссаи ин минтақаи азим тавассути ҳа­ракат­ҳои алпӣ таӯйири сохторҳои варисс ва мезозой мебошад. Дар ин ҷо на танҳо ҷинсҳои маҷмааҳои таркибӣ-сохторӣ, балки офиолитҳо — нишона ва шоҳидони хоссаи палео­уқёнусҳо мавҷуданд. Офио­литҳо дар Помиру Ҳи­мо­­лой (бахусус дар Помири Шар­қӣ) қитъаҳои хеле камбари ба садҳо, ҳатто ҳазорҳо км тӯлкашидаро, ки бо ғеҷаҳои азим канда-канда шуда, сутура ном гирифтаанд, ташкил меди­ҳанд. Ин сутураҳо боқимондаҳои новаҳои геологие мебошанд, ки сохти мураккаб ва қишри уқ­ёнусӣ дошта, таҳав­вулоти тӯлонию печдарпечи сохториро аз сар гузаронидаанд. Дар натиҷаи фишурдашавии кӯндалангӣ, чинзании маҷмааҳои офио­литӣ, баъди фи­шор­­овариҳои мунтазам ва тӯлонии плитаи Ҳинд аз ҷануб ба шимол ба плитаи Авруосиё, пулак-пулакшавии қабат­ҳои ҷинсҳои кӯ­ҳии сутураҳо ва ҳамзамон ғафсии мин­тақаҳои сутурӣ ва дар анҷом ғафсии қишри замини Помир афзудааст. Дар баробари ин, дар минтақа раванд­ҳои мураккабу азими геологӣ — ҷо-ҷо поин шудани плитаи Ҳинд дар зери плитаи Авруосиё ва баръакс — фурӯ­шавии плитаи Авруосиё ба зери плитаи Ҳинд, ки ҳам­чун ҳо­дисаи нодири гео­ди­намикӣ — субдуксияи конти­ненталӣ, ки дар айни замон босуръат идома дошта, сабаби за­мин­ларзаҳои минтақа мебошанд, арзёбӣ мешавад.

Фурӯхамидагиҳои геосинклиналӣ дар минта­қаҳои геологии Помир, дар натиҷаи силсилаи равандҳои дивер­гентӣ — рифтинг, тадриҷан аз шимол ба ҷануб, пайдарҳам пайдо шуданд. Дар натиҷаи тадриҷан наздик шудани пли­таҳои Ҳинд ва Авруосиё, оби уқёнуси қадими Тетис торафт кам гардида, дар анҷом ба як иншооти азими чинзада табдил ёфтааст: дар ҷараёни ин, дар миёнаи палеозой фурӯхамидаҳои геосинклиналии Помири Шимолӣ аз фаъолият боз монда, дар ҷанубтари онҳо, дар Помири Мар­казӣ, Помири Ҷанубӣ ва дигар қисми Помиру Ҳимо­лой фурӯхамидаҳои нав пайдо шудаанд. Дар қисми шимолии плита (қитъа)-и Ҳинд (аниқтараш — Гондвана) дар раванди таҳаввул чанд микроконтинент пайдо шудаанд, ки дар сохти геологии имрӯза чун блок­ҳои сиалӣ дар минтақаи азими чинзадаи Помиру Ҳимолой боқӣ мондаанд.

Дар Помир (Бадахшон) ду системаи чиндори гуногунсин муайян шудаанд: дар қисми ши­молӣ инкишофи гео­сик­линалӣ дар охири палеозой ва ибтидои мезозой ба охир расида буд. Тибқи русуб (таҳнишастҳо) ва тафтаҳои баву­ҷу­доӣ сохтор ва синни онҳо дар системаи чин­дор­шавӣ дар чанд минтақа таъйин мешавад: мин­тақаи Қалъаи­хум — Са­вуқсой қисми шимоли Бадахшонро фаро гирифтааст. Тар­қиши шимоли Ба­дахшон ва Уйбулоқ сарҳадди мин­та­қа ­аст.

Дар қисми ғарбии Помири Марказӣ, аз шимол ба ҷа­нуб антиклинорийи Ванҷ, синклинорийи Язгулом ва ан­тик­линорийи Музкул ҷудо карда мешаванд. Аз нигоҳи палеотектоникӣ Помири Марказӣ канори шимолии қит­ъаи бузурги Гондвана (дар палеозой) шуморида мешавад. Дар қисми шимолии он, дар шароити шелф, комплекси терригению карбонатӣ ташаккул ёфта, он бо таҳ­шин­ҳои нишебиҳои Дарвозу Сарикӯл якҷо шудааст. Мин­тақаи Музкул дар давраи палеозой бошиддат баланд шуда, боиси он шудааст, ки дар инҷо дар давраи палеозойи бар­вақт ва миёна таҳшинҳо пайдо нашуданд. Фурӯ­хамидаҳои геосинклиналии Помири Ҷанубӣ то миёнаи палеоген фаъол будаанд. Олимон ақида доранд, ки қариб 65 млн сол пеш нимҷазираи Ҳин­дустон аз қитъаи бузурги Гондвана ҷудо шуда, бо суръати аз 4 то 18 см дар як сол ба самти Авруосиё шино карда, ба Осиёи Ҷанубӣ бармехӯрад. Ҳангоми ин бархӯрди хеле сахт қишри уқё­нусӣ ва қабатҳои такшони баҳрӣ ғи­ҷиму таҳ шуда, аз рӯи замин дамида боло мебароянд, ки дар натиҷа сил­сила­кӯҳҳои Ҳи­мо­лойро ба вуҷуд овардаанд. Ин ҳодисаи муд­ҳиши тек­тоникӣ ҳоло сабабгори пайдо шудани сил­сила­кӯҳҳои Тоҷикистон, бахусус силсила­кӯҳ­ҳои Помир гардидааст. Дар замони неоген По­ми­­ри Ҷа­нубӣ дар самти ҷануб-шимол аз 160 то 300 км ҷафс­­тар шудааст. Аз замони палеогени миёна — олиготсен (34 млн сол қабл) Помир бо суръати аз 2-4 то 15-20 мм/с баланд шудааст.

Ақидаи асосии сохтори геологии Помир бар­хӯрд (коллизия)-и нимҷазираи Ҳиндустон ва қит­ъаи Авруосиё, — блокҳои Тарим ва Тоҷикистон мебошанд, ки бори охир аз замони олиготсен ибтидо гирифтаанд. Ин нуктаҳои муҳимми фарзи­яҳои геологӣ хусусияти маъданнокии Помири Шарқиро аз диди дигар муайян мекунанд.

Сохтори минтақаҳои ҷудокардашуда аз рӯи замони пайдоиш ва хусусиятҳои тағйир аз якдигар фарқ доранд. Дар қисми шимолии канори палеоконтиненти Гонд­вана, дар оғози давраи карбон системаи фурӯ­раф­таҳои дорои қиш­­ри уқёнусӣ пайдо шудаанд (мин­та­қаҳои Қалъаи­хум ва Қарокӯл). Дар шимол онҳо бо блоки фарохи континенталии Афғонистон — Тоҷикистон — Помир маҳдуд буданд. Баъди анҷоми асри намюр уқё­нус­ҳои мавҷуд дар фу­рӯхамидаҳо тадриҷан пӯшонда шуда, боиси иваз шудани режими форматсияҳои базал­то­идӣ ба қавс-ҷазираӣ гардиданд. Дар оғози намюри миёна дар ҳудуди минтақаҳои Қалъаихумб ва Курговад рӯй­пӯш­ҳои азим ба вуҷуд омаданд. Дертар, дар анҷоми перм-триас, дар қисми ҷанубии Помири Шимолӣ сохтори пулакшакли фаъол пайдо шуд.

Минтақаи Қарокӯл қисми марказии Помири Шарқиро фа­ро гирифтааст. Таҳнишастҳои қадимтарин — варақсангҳо ва рег­зорҳои палеозойи поин дар умқи 1 500 м ҷойгиранд. Онҳо­ро қабатҳои оҳаксангӣ (500 м) — силури девон рӯйпӯш кардаанд. Таркиби тектоникии минтақа сохтори блокӣ ва дохи­ли ҳар блок таркибҳои сахт дорад.

Минтақаи Дарвоз — Сарикӯл бо тарқиши Қараарт ҳам­марз буда, тарқиши Ванҷ — Оқбайтал дар сарҳадди ҷанубии он ҷойгир аст. Дар таркиби таҳнишастҳои карбон-пермии ин ҷо (1 000 м) ҷинсҳои кӯҳии терригенӣ мавҷуданд. Сохтори тектоникии ин минтақа таносубан одӣ аст. Минтақаи Бартанг — Рангкӯл (шимоли қисми ҷануби Бадахшон) чок-буриши стра­тиграфӣ дорад. Таркибҳои протерозой аз гнейсҳо, варақ­санг­ҳои шӯшаӣ ва кварситҳо (5 000 м) иборат буда, рӯи онҳо оҳаксангҳои кембро-ордовикӣ хобидаанд. Минтақаи Рӯ­шо­ни Пшарт аз дигар манотиқи геологии Бадахшон бо тар­қи­ши ростнишеб фарқ дорад. Сохтори ин минтақа аз таҳ­нишаст­ҳои силсилаи карбонӣ, пермӣ ва триасӣ иборат аст. Мин­та­қаи Мурғоб — Оқсуй (дар шимоли Мурғоб) аз дигар мин­та­қа­ҳои Бадахшон тафовут дорад. Тарқиши Али­­чур марзи ҷанубии ин минтақа мебошад. Мин­тақаи Шоҳдара қисми ҷанубу ғарбии Бадахшонро фаро гирифтааст. Ин минтақаи Помир асосан аз ҷинсҳои кӯҳии даврони архей ва протерозой иборат мебошад. Аз нигоҳи тектоникӣ аз ду блоки архейӣ таркиб ёфтааст, ки бо вартаи вулкании хеле қадимӣ аз ҳам ҷудо мешаванд ва бо ҷилди нахуст-протерозой пӯшида шудаанд. Бадахшон таърихи хеле мураккабу пурпечи рушди геологиро паси сар кардааст. Дар Помир ҷинсҳои тафтаӣ васеъ густурдаанд. Дар ин ноҳияи геологӣ бештар гра­нитоидҳои плутон ва штокҳои азимро соз­мон­диҳанда, ки сарват­ҳои табиии гуногун ба пайдоиши онҳо марбут аст, дучор мешаванд.

Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 56 лоиҳа дар объектҳои корҳои минтақавӣ-5 объект, металлҳои сиёҳ -7, металлҳои ранга -7, металлҳои қимматбаҳо -6, металлҳои нодир -6, ашёи сангҳои ранга-5, ашёи радиоактивӣ-4, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ, геоэкология-3, геофизика-3, корҳои мавзуӣ-3 ва нигоҳдорӣ- 7 объектро то соли 2030 ба нақша гирифтааст.

Дар давраи солҳои 2021-2024 66,7 фоизи объектҳои барномавӣ ба фаъолият фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, дар шаш объект «Корҳои ҷустуҷўии дақиқи зуҳуроти сурбу руҳи Сурбиён», «Корҳои ҷустуҷӯии металлҳои нодир дар майдони Шазуд-Дӯзахдара», «Ҷустуҷӯи геохимиявӣ барои тилло дар фосилаи байни дарёҳои Қаратоғ-Лучоб миқёси 1:25000», «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти ванадийи Аргли», «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти сурмаи Ривути Боло» ва «Корҳои ҷустуҷӯӣ ва арзёбӣ дар майдони маъдании Ошоба» анҷом ёфтанд. Дар 29 объект корҳо идома доранд. Амалишавии корҳои омӯзиши геологӣ тибқи барномаи давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ назаррас буда, чунин захираҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо: тилло, нуқра, металлҳои ранга: сурма, сурб, металлҳои сиёҳ: ванадий, оҳан, металлҳои нодир ва нодирзаминӣ, тантал, ниобий, литий, бериллий, лантан, серий, празеодим, неодим, самарий, европий, иттрий, маъдани титан – илменит, маъдани элементҳои нодир - монатсит, сиркон (маъдани сирконий ва гафний) пешгӯӣ карда шуданд.[2]

  1. Сохти геологӣ / А. С. Ниёзов, Х. М. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 52—58. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.
  2. www.khovar.tj. ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид(тоҷ.) (9 Декабри 2024). 9 Декабри 2024 санҷида шуд.
  • Селиванов Р. И. Природа и природные ресурсы Тад­жикис­тана. Сталинабад, 1958;
  • Корженевский Н. Л. Природа Средней Азии. Ташкент, 1960;
  • Агаханянц О. Е. Между Гиндукушем и Тянь-Шанем (История изучения природы Памира). Д., 1962;
  • Захаров С. А. Разви­тие тектонических представлений в Таджикистане и гипотеза зонного тектогенеза. Д., 1970;
  • Расчленение стратифицированных и интрузивных образований Таджикистана. Д. 1976;
  • Земная кора и верхняя мантия Таджикистана. Д., 1981;
  • Руженцев С. В. Памир / Тек­то­ническая расслоенность литосферы и региональные геологические исследования. М., 1990;
  • Буданов В. И. Эндогенные формации Памира. Д., 1993;
  • Баратов Р. Б., Буданов В. И. Геоло­гические очерки Памиро-Алая. Д., 2005;
  • Ниёзов А. С. Фанерозойские гранитоидные геодинамические формации Тянь-Шаня и Памира и их потенциальная ру­до­­нос­ность. Д., 2016.