Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Занд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Занди Авесто)

Занд — тарҷума ва тафсири Авесто ба забони форсии миёна (паҳлавӣ).

Ин калима дар Авесто ба шакли āzanti ба маънои шарҳу баён ва гузориш омадааст (аз решаи Zan-; дар форсии бостон — аз решаи dan). Дар забони паҳлавӣ (форсии миёна) Zand ба маънои тарҷумаву тафсир мебошад. Занд дар замони ҳукмронии Хусрави I (531—579) тартиб ва тадвин шудааст. Дар ин давра мубадон, дастурон, донишмандон, рӯҳониёни зардуштӣ Авесторо мехонданд, вале дар шарҳи вожаҳову таркиботи он оҷиз буданд, чунки забони авестоӣ дар ин давра аз истеъмол баромада буд, аз ин ҷост, ки ба тарҷума ва тафсири матнҳои авестоӣ зарурат пеш омад. Аз дастнависҳои Авестои замони Сосониён бармеояд, ки дар матнҳои Занд дар сатри якум матни авестоӣ ва дар поини он тарҷумаву тафсир ба забони паҳлавӣ (форсии миёна) ҷой гирифтааст. Вобаста ба пайдоиши Занди Авесто дар адабиёти динии зардуштӣ, адабиёти бадеӣ ва таърихӣ мафҳумҳои Занд-Авесто, Авестову Занд пайдо шуданд, ки баъзе нависандагони асрҳои миёна ин мафҳумҳоро дуруст, баъзеҳо нодуруст фаҳмидаанд ва ин ҳолат ба назариёти анъанавии зардуштиён оид ба пайдоишу интишори Авесто вобаста аст. Мас., дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар фасле, ки аз зуҳури Зардушт ва густариши дини ӯ аз китобе бо номи Занду Усто (Занд-Авесто) сухан меравад, ки гӯё Зардушт мегуфт:

Ҳаме гӯяд аз осмон омадам.
Зи назди Худои ҷаҳон омадам.
Худовандро дидам андар биҳишт,
Мар-ин Занду Усто ҳама ӯ навишт.

Дар «Гуштоспнома»-и Дақиқӣ, ки Фирдавсӣ онро дар «Шоҳнома» овардааст, «Занд-Авесто» ба шаклҳои «Занду Уст», «Устову Занд», «Жанду Уст» ва дар ҷойҳое «Занд», «Уст» омадааст, ки ҳамаи онҳо ифодакунандаи номи як китоб — Авесто мебошанд. Дар навиштаҳои паҳлавӣ нависандагон Зандро ба маънои тарҷума ва тафсири Авесто мефаҳмиданд. Асадии Тусӣ дар «Луғати фурс» Авесторо тафсири Занд ва худи Зандро «Суҳуфи Иброҳим» гуфтааст, ки ин ба ҳақиқати таърихӣ мутобиқ нест. Тарзи дурусти истифодаи Занд ва Авесто, инчунин Позанд дар осори донишмандону таърихнигорон Масъудӣ, Хоразмӣ, Берунӣ дида мешавад. Рӯдакӣ аз ҷумлаи шоиронест, ки мафҳуми Занд ва Авесторо хеле хуб овардааст. Дар бораи яке аз мамдӯҳон мегӯяд:

Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,
Ҳамчу Абистост фазлу сирати ӯ занд.

Дар давоми ду қарн (18-19), аз давраи Анкетил Дюперрон донишмандони аврупоӣ истилоҳи «Занд-Авесто»-ро дар нисбати адабиёти динии зардуштӣ ва Зандро дар нисбати забони авестоӣ нодуруст истифода бурдаанд. Баъзе аз онҳо ба ҷои забони авестоӣ забони зандӣ мегуфтанд. Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 маънӣ ва мазмуни дурусти ин истилоҳоту мафҳумҳо (дар таҳқиқоти К. Гелднер) таъмин гардид.

Аз калимаи Занд дар забони форсӣ калимаҳои гуногуне, аз қабили «зиндиқ» (мулҳид, даҳрӣ, бедин), «зандбофӣ», «зандвоф» (шахсони хушилҳон, парандаҳои хушхон — булбул, қумрӣ, фохта) ва ғ. сохта шудаанд. Дар қатори дастнависҳои авестоии бешарҳу тафсир дастнависҳои Авесто бо Занд боқӣ мондаанд, ки онҳо аз Занди «Ясно», ки «Готҳо» ҳам ба он шомил аст, Занди «Яштҳо» («Ҳурмузд-яшт», «Урдибиҳт-яшт», «Хуршед-яшт», «Моҳ-яшт» ва ғ.), Занди «Вандидод» (шакли дурусташ — «Видевдод»), Занди «Виспарад», Занди «Хурд-Авесто» ва ғ. иборатанд.

Мутобиқи пажӯҳиши олими англис Е. В. Вест аз Авестои бе Занд то замони мо 345 ҳазор калима боқӣ мондааст, вале Занди Авесто 2 млн вожаро дар бар мегирад.

Баъзе донишмандони авестошинос, мас. Ф. Шпигели олмонӣ Авесторо аз рӯи тарҷумаву тафсири паҳлавӣ мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аз пажӯҳишҳо дар бораи Занд бармеояд, ки дар шакли Занди Авесто пораҳое вомехӯранд, ки дар асл Авесто нестанд, яъне танҳо тавассути Занд то замони мо расидаанд. Занди Авесторо чун осори адабиёти паҳлавӣ (форсии миёна) олимони аврупоӣ В. Гейгер, П. Ҳорн, Ҷ. Дармстетер, Л. Н. Миллз, донишмандони порси Ҳиндустон П. Санҷана, Н. М. Канга, Б. Т. Анклесариа, Б. Н. Дҳабҳар омӯхтаанд.