Занҷабили обӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Занҷабили обӣ
Polygonum hydropiper1.jpg
Таснифоти илмӣ
Номи илмии байналмилалӣ

Persicaria hydropiper (L.) Delarbre, 1800

Синонимҳо

Занҷабили обӣ (лот. Polygonum hydropiper ), (русӣ: Перец водяной ) — растании доруворӣ. Дар илми тиб истифода бурда мешавад.


Тавсиф ва сифат[вироиш]

Занҷабили обӣ — растании яксола буда, баландиаш 20-70 см бо таъми тезӣ мебошад. Пояаш — ростистодаи сабз буда, дар тирамоҳ сурх мешавад. Баргҳояш — ҷойгиршавиашон пайдарҳам, дарозрўяи борик, дарозиашон 3-10 см ва пањниаш 0,4-1,7 см мешавад. Гулҳояш — майдаи нишаста буда, дар нўгҳои навда ҷорўбакҳои гандумшаклро ташкил медиҳанд, ки дарозиашон 1-12 см буда, рангашон сафед ва ё сафеди сурхчатоб мебошанд. Меваҳояш — донакҳои сиёҳи тухмшакли рангашон малла ё ҷигарии торик бо дарозии 2-3,5 мм мебошад. Вазни 1000 дона тухмӣ 1,5-3,02г. мебошад.

Макон[вироиш]

Занҷабили обӣ дар бехи ҷўйборҳо мерўяд. Гулкуниаш аз моҳи июн то сентябр мегузарад.


Сифати доругӣ[вироиш]

Занҷабили обӣ аз даври ќадим ҳамчун доруворӣ маълум мебошад. Дар Рум ва Юнони қадим занҷабили обиро ҳамчун дорувории захмтозакун ва варамро нест мекардагӣ истифода мебурданд. Инчунин занҷабили обиро ҳамчун хунманъкун ва зидди дарунронӣ истифода мебурданд. Дар тибби халқи тоҷик занҷабили обиро зидди касалии бавосир (геморой) истифода мебаранд. Қиммаи нав кардаи аз баргҳои занҷабили обиро ба захмҳо мемоланд. Дар тибби илмӣ алафи занҷабили обиро дар намуди ширеши обӣ (водный настой) (20: 200) бо 1 ќошуќи ошӣ 3 бор дар як рўз ҳамчун хунманъкун дар ваќти хунравии бачадон истифода мебаранд. Занҷабили обӣ ба таркиби шамҳои зидди геморой «анастезол» ва «анузол» дохил мебошад. Қисмҳои болоии занҷабили обӣ дар таркиби худ чунин моддаҳоро доранд:

  • флавонидҳо 2-2,5 %, ки аз онҳо чунин моддаҳо тасдиќ шуданд:
  • рутин, кверцибрин, гиперозид, рамнезин, кемпферол ва ғайра. 21
  • Ба ғайр аз флавонидҳо дар таркиби занҷабили обӣ чунин моддаҳо

ҳастанд:

  • моддаҳои дубилӣ — 3-8 %;
  • ќатронҳо — 3-4,5 %;
  • гликозидњо — 0,10-0,16 %:
  • равғанҳои эфирӣ — бо миќдори на чандон калон;
  • кислатаҳои органикї;
  • витаминҳо — К; Е; Д — 42,3 мг;
  • каротин ва ғайра.

Сарчашма[вироиш]

  • Сатторов Ҷ.С. Растаниҳои доруворӣ. Курси мухтасари лексия аз фанни «Растаниҳои доруворӣ». — Душанбе, 2007