Jump to content

ҶСК «Зарбед»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Зарбед)

Зарбед — ҷамъияти саҳомии кушода (ҶСК), ки октябри 1999 дар ш. Конибодом таъсис ёфтааст. Ҷамъият бо корҳои сохтмону таъмири биноҳо машғул буд. ҶСК «Зарбед» соли 2004 самти фаъолияти худро дигар намуда, ҳоло оби маъдании «Кучкак» ва нӯшокиҳои ташнагишиканро ба аҳолии ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад. ҶСК «Зарбед» дар озмунҳои маҳсулоти беҳтарин иштирок карда, соҳиби ҷоизаи махсуси «Саломат бошед» (2010) ва ҷоизаи «Тамғаи мардумӣ» (2014–16) гардидааст. Соли 2016 дар ҷамъият 16 коргари доимӣ ва 14 коргари мавсимӣ кор мекарданд.