Jump to content

Зардаҷӯш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зардаҷӯш
МКБ-10 Шаблон:МКБ10
МКБ-9 787.1787.1
MedlinePlus 003114
eMedicine / 
MeSH D006356

Зардаҷӯш (англ. Pyrosis) — ҳисси туршӣ ва сӯзишест, ки бештар дар қисми поёнии сурхрӯда дар натиҷаи ба он гузаштани шираи меъда ба вуҷуд меояд.

Сабаби зардаҷӯш аз ҳад зиёд ангезиш ёфтани луобпардаи сурхрӯда, ихтилоли кори меъда ва ғайра мебошад. Зардаҷуш бештар ҳангоми барзиёдии туршии шираи меъда рӯй медиҳад, аммо дар аснои норасоӣ ва ҳатто дар таркиби шираи меъда набудани кислотаи хлорид низ мушоҳида мешавад. Зардаҷӯш иллати алоҳида набуда, аломати бемориҳои меъдаю рӯда (решмарази меъда, гастрит ва ғайра), илтиҳоби талхадон, чураи диафрагма ва ғайра аст. Баъзан ба мизоҷи одам мувофиқат накардани ғизо ё ҳатто ҳомилагӣ низ сабаби зардаҷӯш мешавад.

Барои рафъи зардаҷӯш бемории асосиро табобат мекунанд. Истифодаи дуру дароз моддаҳои ишқорӣ (оби маъдании ишқорнок, сода ва ғайра) барои муолиҷаи зардаҷуш зарар дорад. Ҳангоми пайдоиши зардаҷӯш аз тановули ғизои тезу тунд, турш (занҷабил, қаламфур, зира, мурч, оби лиму ва ғайра) бояд даст кашид, чунки онҳо боиси афзудани ихроҷи шираи меъда мегарданд.