Захираҳои меҳнатӣ
Захираҳои меҳнатӣ — шӯрои ҷамъиятии ихтиёрии варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон[1].
Таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1943 ҳамчун Шӯрои ҷумҳуриявии ҷамъияти умумииттифоқии варзиши «Захираҳои меҳнатӣ» ташкил шудааст. Вазифаи асосии он инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни талабагон ва кормандони муассисаҳои таълимии маълумоти касбӣ-техникӣ ҳамчун воситаи муҳимми беҳдошти саломатӣ ва ҷисмонии насли наврас ба шумор мерафт. Номи наваш аз соли 1992. Тайёрии ҷисмонии талабагон мувофиқи барномаи тарбияи ҷисмонии талабагони макотиби касбӣ-техникӣ, ки соли 1994 Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Захираҳои меҳнатӣ» тасдиқ кардаанд, ба роҳ монда мешавад. Дар ҳамаи 70 мактаби таълими касбҳои техникӣ шӯрои коллективҳои тарбияи ҷисмонии «Захираҳои меҳнатӣ» ташкил шудааст.
Инфрасохтор
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар макотиби таълими касбҳои техникӣ 19 ҳазор нафар ба тарбияи ҷисмонӣ машғул мебошанд; 327 иншооти гуногуни варзиш, аз ҷумла 9 ҳавзи шиноварӣ, 46 толори варзиш, 6 ҷойи тирпаронӣ, 43 майдони баскетбол, 45 майдони волейбол, 37 майдони футбол ва 42 маҷмааи варзишӣ мавҷуд аст. Дар онҳо 101 нафар мураббӣ кор мекунанд, ки 80 нафар дорои таҳсилоти олӣ ва 21 нафар таҳсилоти миёнаи махсус мебошанд. Дар шӯроҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии ҷамъияти ихтиёрии варзиши «Захираҳои меҳнатӣ» оид ба бисёр шаклҳои варзиш сексияҳои марказӣ амал мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 350 талаба маҳорати варзишии худро такмил медиҳанд.
Мураббиён
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар сексияҳои варзишӣ Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Поляков И. И. (гӯштини румӣ-юнонӣ), Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши ИҶШС Ҳошимов У. Х. (муштзанӣ), мураббиёни соҳибтаҷриба Файзалиев Д. С. (волейбол), Тоҷибоев Т. А. (шиноварӣ), Сафаров А., Сатторов Р. С. (гӯштини румӣ-юнонӣ), Устоди варзиши ИҶШС Саидов Д. (акробатика), Назиров Э. (футбол) кор мекунанд. Мураббиёни «Захираҳои меҳнатӣ» 10 нафар Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 45 нафар устоди варзиши ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, 85 нафар номзад ба Устоди варзиши ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарбия кардаанд.
Тарбиягирифтагон
[вироиш | вироиши манбаъ]Тарбиягирифтагони бисёр омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ соҳиби ҷоиза ва чемпиони ИҶШС ва Аврупо мебошанд: Шабуров М. – чемпиони Аврупо, Ҳалимов У. – (муштзанӣ), Ниёзов Ф. ва Қурбонов А. гӯштини юнонӣ-румӣ), Рудаков В., Қурбонов Т., Рамазонов А. (камонварӣ) – ҷоизаи ИҶШС; 18 нафар варзишгари «Захираҳои меҳнатӣ» аъзои дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ шуданд. «Захираҳои меҳнатӣ» ҳар сол мусобиқаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусобиқаи шогирдони макотиби касбҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор мекунад.
Раисони шӯро
[вироиш | вироиши манбаъ]Раисони «Захираҳои меҳнатӣ»: Бобокалонов В., Кенҷаев Т. К., Ҳасанов Қ., Раҳимов А. Р. (аз соли 1992). Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии ҷамъияти ихтиёрии варзиш – С. С. Салимов.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе — Варзиш. 16 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2017.