Jump to content

Зебоҷон Бобоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зебоҷон Бобоева
Зебоҷон Субҳоновна Бобоева
Таърихи таваллуд 10 ноябр 1964(1964-11-10) (60 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Литсейҳои касбии ш Душанбе, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров

Зебоҷон Субҳоновна Бобоева (тав. 10.11.1964, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) — омӯзгори биология, номзади илмҳои педагогика (2019).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зебоҷон Субҳоновна Бобоева хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров (1988). Солҳои 1986 - 1988 Котиби озоди ташкилоти комсомолии ОМКТ №36 шаҳри Панчакент, сардори шуъбаи кор бо донишҷӯён ва «ДОСАФ»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров (1989 - 1991), назоратчии сифати маҳсулот дар КЧП шаҳри Душанбе (1992 - 1996), сардори шуъбаи кадрҳои техникуми кӯҳӣ - геологии ба номи С. Юсупова хамзамон омӯзгори фанни биология, химия дар ш. Душанбе (1996 - 1998), ҷонишини директор оид ба корҳои хоҷагию маъмурии Техникуми кӯҳӣ – геологии ш. Душанбе (1998 – 1999, 2005 - 2008), сардори шуъбаи кадрҳои Омӯзишгоҳи касби Техникии №28 ш. Душанбе (2008 - 2009). Дар Литсейи касбии алоқаи № 5 ш. Душанбе ба ҳайси омӯзгори фанни биология, химия (2009 - 2010), мушовири директор, омӯзгори фанни биология, химия дар Литсейи касби дӯзандагии ш. Душанбе (2010 - 2018) фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то ба имрӯз дар вазифаи ассисент ва омӯзгори калони факултети биологияи кафедраи анатомия ва физиологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор мекунад. Рисолаи илмиро дар мавзуи “Самтбахшии касбии донишҷӯёни донишгоҳҳои омӯзгорӣ барои амалигардонии таълиму тарбияи экологии мактаббачагон» дифоъ намудааст. Бо Ифтихорномаи Вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (19990) ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст (2005).

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ