Деҳоти Зидеҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Зидеҳ)

Ҷамоати деҳоти Зидеҳ - ҷамоатест дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон. Ҷамоати деҳоти Зидеҳ дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, то маркази пойтахт масофаи 70 км-ро дар бар мегирад. Релефи ҷамоат баландкӯҳ аст ва дар баландии зиёда аз 2000 то 3000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гашта, бо ноҳияҳои Айнӣ (вилояти Суғд), шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсарҳад мебошад. Оид ба маънии номи Зидеҳ ривоятҳо гуногунанд, масалан гуё дар аввали пайдоиш си (30) қабила зиндагӣ мекардааст, яъне Сидеҳ ном доштааст ва дар натиҷаи ташаккул ба Зидеҳ табдили ном кардааст. Вале аз ҳама қобили қабулаш ин аст, ки номи Зидеҳ калимаи қадимаи суғдӣ буда, маънояш "Зи" - зебо, "деҳ" - деҳа, яъне "Деҳаи зебо" аст.

Деҳаҳои ҷамоат[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамоати деҳоти Зидеҳ аз ҳафт деҳа иборат буда, деҳаи Калон - маркази ҷамоат мебошад. Деҳаҳои Намозгоҳ, Насрӯд, Обихирф, Ҳазора, Панҷхок ва Куктеппа деҳаҳои дигари ҷамоат мебошанд.

Зидеҳ деҳаи Калон[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳаро аз чор тараф кӯҳҳои осмонбӯс иҳота кардаанд.Мардуми деҳа бисёр меҳмоннавозанд.Зимистони деҳа бисёр тӯлонӣ мебошад.Аҳолӣ ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул мебошанд.Дар маркази деҳа муассисаи 21 ҷойгир аст.Инчунин китобхонаҳо, мағозаҳо,чойхона ва сартарошхона ба ҳусни деҳа зебоии махсус мебахшанд.