Ноҳияи Варзоб
Ноҳияи маъмурӣ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Тобеъи | НТҶ |
Шомили | 1 шаҳрак, 6 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Варзоб |
Роҳбар | Дамонзода Хусрав Назаралӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | соли 1934, соли 1991 |
Таърихи пошхӯрӣ | соли 1959 |
Масоҳат | 1656 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Шаҳри бузургтарин | Такоб |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 89 300[1] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | VA |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.RR.VA |
Коди телефон | +992 3153 |
Нишонаи почта | 734060 |
Домени интернет | .tj |
Коди мошинҳо | TJ07 |
Вебгоҳи расмӣ(тоҷ.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ноҳияи Варзоб (форсӣ: ناحیۀ ورزاب) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Варзоб ҷой дорад. Маркази ин ноҳия деҳаи Варзоб аст, ки 25 км шимолтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Варзоб ҷой дорад. Ин ноҳия 29 октябри соли 1939 дар таркиби вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳияи Варзоб дар водии Ҳисор ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Айнӣ аз ноҳияҳои вилояти Суғд, дар ғарб – бо ноҳияи Ҳисор, дар ҷануб — бо ноҳияи Рӯдакӣ ва ш. Душанбе, дар шарқ — бо ноҳияи Ваҳдат ҳаммарз аст. Аз сӯи ҷануб ба канораҳои шимолии шаҳри Душанбе мепайвандад. Маркази ноҳия шаҳраки Варзоб аст. Дараи Ромит, ки бахше аз ин ноҳия аст, осоишгоҳҳову созаҳои тафреҳӣ ва кӯҳнавардӣ, чашмаҳои оби маъданӣ ва сулфур дорад. Паҳноварии ин ноҳия 1656 км² аст. Аз шимоли ноҳияи Варзоб ба ҷануби он рӯди Варзоб гузар мекунад, ки ба рӯди Кофурниҳон мерезад. Аз ноҳия роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (сарҳади Ӯзбекистон) мегузарад, ки он сӯи нақби «Истиқлол», дар ағбаи Анзоб равон аст.
Ном
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз вожаи суғдии варз – ба маънои баландӣ.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино бар саршумори соли 2016 аҳолии ноҳияи Варзоб 74 800 нафар ҳаз. тан будааст[2]. Мардуми Варзоб ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.
сол | 2012 | 2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
67,4 | ↗69,4 | ↗70,9 | ↗72,7 | ↗74,8 | ↗80,5 | ↗82,2 |
Маориф
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ноҳияи Варзоб 69 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 7 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи томактабӣ, 1 муассисаи томактабии хусусӣ, 8 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 интернати наздимактабӣ барои хонандагони ятим ва бепарастор фаъолият менамояд, ки дар онҳо 1 ҳазору 349 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, 821 зан ба 20 ҳазору 313 нафар хонандагон дарс меомӯзонанд[3].
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарвари ноҳияи Варзоб Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Варзоб - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз ҷониби мардуми ноҳияи Варзоб ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Бахшҳои идорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Варзоб 1 шаҳрак — Такоб ва 6 ҷамоат дорад[4]:
Ҷамоатҳои ноҳияи Варзоб | ||||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ,
2009 |
Аҳолӣ, соли 2015 | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Тагоб, шаҳрак | 2400 | |||||||||||
Айнӣ | 7167 | 14052 | ||||||||||
Варзобқалъа | 8318 | 11438 | ||||||||||
Деҳмалик | 5914 | 8034 | ||||||||||
Зидеҳ | 5373 | 7219 | ||||||||||
Лучоб | 5141 | 7174 | ||||||||||
Чорбоғ | 16216 | 31585 |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 23 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Маҷмӯаи омории «Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016». Агентии омори назди Президенти ҶТ.. 17 апрели 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
- ↑ Фараж. Дамонзода Хусрав: Варзоб- минтақаи сайёҳӣ (ru-RU). Фараж (19 августи 2023). 18 ноябри 2023 санҷида шуд.
- ↑ List of Jamoats. UN Coordination, Tajikistan. 23 май 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2012.