Зиёуддин ибни Асир
Таърихи таваллуд: | 1165 |
---|
Зиёуддин Абулфатҳ Насруллоҳ ибни Асир (форсӣ: ضیاءالدین بن اثیر; 1165–1240) — адиб, забоншинос, нависанда ва шоири ироқӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҷавониаш Қуръон, ҳадис ва адабиёти арабро аз худ карда, дар мадрасаҳои Мавсил илм омӯхт. Аз олимони машҳури замонаш сарфу наҳв, луғат ва фанни балоғатро мустақилона ёд гирифт. Ба Шом рафта, бо ёрии вазири султон Салоҳуддини Айюбӣ – Қоҳӣ Фозил ба хидмати дарбор даромад. Зиёуддин ибни Асир. котиби хосси писари султон Салоҳуддини Айюбӣ – Малик Афзал Нуруддин таъйин гардид. Баъди хидмат дар дарборҳо оқибат ба Мавсил баргашта, дар мақоми раиси девони иншои амир Бадруддин Луълӯ қорор гирифт ва дар аснои сафар ба Бағдод фавтид. Зиёуддин ибни Асир. дар нақди адабӣ бо номи «ал-Истидрок фи-л-ахаз ала-л-маъхаз», дар балоғати арабӣ «ал-Масалу-с-соиру» ва «Адабу-л-котиби ва-ш-шоири», дар насри арабӣ «ал-Вашюл марқум фӣ ҳилал манзум» ва дигар фанҳо китоб эҷод кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Асир // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- ابن خلّکان، احمد (۱۹۷۲). وفیات الأعیان. ج. ۶. بیروت: دار صادر. ص. ۶۴.