Jump to content

Зулмоти салос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зулумоти салос (торикиҳои сегона) - таъбирест маъхуз аз ояи шаши сураи Зумар: «халақакум миннафси воҳида. Сумма ҷаъала минҳо завҷаҳо ва анзала лакум минал анъоми самонията азвоҷи. Яхлуқукум фибутуни умаҳотикум халқан мин баъди халқин физулумоти салоса.» (ӯст ки офарид шуморо аз як нафси (ҷони, нафари) воҳид. Пас аз вуҷуди ӯ зан офарид ва барои шумо аз ҳайвонот ҳашт ҷуфт фиристод. Ӯ шуморо дар батни модаронатон халқ мекунад бо хилқате аз пайи хилқате дар зулумоти салоса.» Дар бораи ин Зулумоти салос (торикиҳои сегона) ақволи мухталифе нақл шуда ва ғолиби муфассирин онро киноя аз торикии шиками модар ва торикии раҳим ва бархе киноя аз кудурати табъ ва ҳавои нафсонӣ ва хосияти ҳайвонӣ донистаанд ё тирагии тулу арз ва умқ дар олами сифлӣ ва билохира ба назари баъзе ҳам киноя аз се торикӣ аст, ки Юнусро пеш омад: торикии шаб торикии шиками моҳӣ ва торикии қаъри дарё.[1]

  1. Сомонаи “Садои Шарқ”, Фарҳанг. 16 Декабри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2016.