Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зулхумор Иброҳимова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зулхумор Иброҳимова
Таърихи таваллуд: 14 марти 1952
Зодгоҳ: ноҳияи Ҳисор
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша
Театр Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ

Зулхумор Иброҳимова (зод. 14 марти 1952, ноҳияи Ҳисор) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2012)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зулхумор Иброҳимова 14 марти соли 1952 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Аз рӯи нақли худи ӯ, хоҳаре аз худаш 2 сол калон дошта буд, ки дар синни 14 солагӣ бемор шуда аз дунё гузаштааст. Ин зарбаи сахт барои падару модараш сабаб шудааст, ки ба Зулхумор интихоби озоди касб диҳанд. Аввал ҳунарпеша мехост табиб шавад. Ӯ ки бо Фотима Ғуломова робитаи хешутаборӣ дошт ба хонаи он кас равуо карда дили Зулхуморро ба ҳунар гарм кард. Хатмкардаи Институти давлатии умумииттифоқии (ҳоло умумируссиягии) кинематографияи ба номи С. А. Герасимов дар шаҳри Маскав (1975).

Аз соли 1975 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ. Доираи ҳунарии Зулхумор Иброҳимова хеле фарох буда, дар иҷрои нақшҳои қаҳрамонони асарҳои гуногунжанри классикии ҷаҳонӣ ва миллӣ муваффақ мебошад.

Беҳтарин нақшҳои дар саҳнаи театр бозидаи Зулхумор Иброҳимова: Ҳабиба («Аллома Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода), Наталия Степановна («Хостгорӣ»-и А. П. Чехов), Лиза («Дод аз дасти ақл»-и А. С. Грибоедов), Рухшона («Қиёми Лоҳутӣ»-и А. Атобоев), Гулшан («Захми забон»-и М. Бахтӣ), Соня («Ваня-тағо»-и А. П. Чехов), Санавбар («Вопасин арӯси амиралмӯъминин»-и Ф. Муҳаммадиев), Насиба («Мардҳо намегирянд»-и Ҷ. Қуддус), Назрия («Корвони бахт»-и М. Миршакар), Сарвиноз («Зебуниссо»-и Ш. Қиёмов), Адолат («Имтиҳон»-и Ф. Ансорӣ) ва ғ.

Аз соли 2000 дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ Зулхумор Иброҳимова яке аз иҷрокунандагони асосии нақши зан дар намоишномаҳои драмавию фоҷиавӣ мебошад. Ӯ олами ботинии қаҳрамонони асарҳои саҳнавиро бо маҳорати баланд, самимӣ ва табиӣ меофарад: Барсина («Искандари Мақдунӣ»-и Б. Абдураҳмон), Пошо-ойим («Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳакимзода), модар («Вийд»-и Ҷ. Қуддус), Элвира («Дон Жуан»-и Ж. Б. Молйер), Коко-Шанел («Шов-шов»-и Ҷ. Қуддус), духтари хурдӣ («Хатро ман навишта будам»-и Ф. Ансорӣ), Моҳрӯ («Суробҳо»-и Н. Табаров), Касандон («Куруш ва Томирис»-и Б. Абдураҳмон), Сабоҳатхон («Аёдат»-и Ҳ. Раҳмат), Тобон («Чодари найранг»-и Т. Аҳмадхонов) ва ғ.

Зулхумор Иброҳимова дар барномаҳои телевизионии «Алифбоҷон», «Ман, ту ва мултик», «Хоби ширин, хурдтаракон», «Бибиҷонам меояд», «Навигариҳои экран», «Беғараз панд» ва ғ. ба ҳайси баранда ва иҷрокунандаи нақшҳои намоишномаҳои хурди телевизионӣ фаъолона ширкат карда, дар драмаҳои телевизионии «Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор (Ҳоҷар), «Матонат»-и С. Улуғзода (Зайнаб), «Рӯзи қабул»-и Н. Думбадзе (Лиля), «Бозгашт ё дар ғарибӣ»-и Н. Қосим (модар), «Моҷарои рӯзи ид»-и А. Зоҳир (модар), «Меҳри модар»-и К. Мирзо (модар) ва ғ. нақшҳои ҷолиб офаридааст.

Нақшҳои дар кинои тоҷик бозидаи Зулхумор Иброҳимова: холаи Маҳдӣ дар филми «Маҳдӣ» (коргардон С. Қодирӣ), Гулбаҳор («Стансияи кӯҳӣ», коргардон А. Тӯраев), Дилбар («Шӯҳрат»-и Ё. Аралов), модар («Меҳроб»-и А. Зокиров), Моҳира («Симо»-и У. Бобомуродов), Дебо («Шукрона»-и Саид Султонӣ), Гулбарг («Дар орзуи падар»), модар («Шамсиддин Шоҳин»), Бозгул («Баҳори як кӯча», коргардон С. Қодирӣ), модар («Муҳаббат»-и У. Мирзоширинов), модар («Эҳсон»-и М. Исмоил) ва ғ.

Гуфторгардонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зулхумор Иброҳимова дар дубляжи филмҳо низ фаъолона ширкат дорад.

Ҳаёти шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зулхумор Иброхимова баъди хатми донишгоҳ бо ҳамкурсаш оиладор шудааст, ки шавҳараш коргардон шуда кор мекунад. Онҳо соҳиби 2 фарзанданд, 1 духтару 1 писар.

  1. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.