Jump to content

Ибни Соъотӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Соъотӣ
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1230
Маҳалли даргузашт

Фахруддин Ризвон ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Рустами Хуросонии Соъотӣ (? — 1230, Димишқ) — пизишк, ахтаршинос, механик, соатсоз, нависанда, шоир, мусиқидон ва хушнависи хуросонитабор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ аз табибони маъруф ва дӯстдорони мероси тиббии Ибни Сино буд. Ибни Соъотӣ аз улуми мусиқӣ, мантиқ ва ҳикмат низ бархӯрдор буд. Хонадони Ибни Соъотӣ аслан аз Хуросон буда, худаш дар Димишқ таваллуд ёфтааст ва дар он ҷо зиндагию фаъолият кардааст. Ибни Соъотӣ табиби моҳир, адиби фозил ва шоиру мусиқидони тавоно буд, удро хуб менавохт ва аз хатти зебо баҳра дошт. Аз Ибни Соъотӣ ҳамагӣ 3 дубайтӣ боқӣ мондааст. Ибни Соъотӣ дар хонадони амирони Аюбӣ — Малик Файз ва Малик Маъзум хидмат карда, табиби хос ва надими Малик Маъзум будааст.

Китобҳои зерин аз таълифоти ӯст: «Такмилу „Китоби-л-қуланҷ“ ли Ибн Сино» (Такмили «Китоби қуланҷ»-и Ибни Сино), «Мухтасару-л-Қонун ли Ибн Сино фӣ-т-тиб», «Китобу-л-мухтороти мина-л-ашъор» (Китоби мунтахаботи ашъор).

  • Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 5, Лубнон, 2007.