Ибни Ҳинду
Таърихи таваллуд | 942 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1019 ё 1029 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар |
Абулфараҷ Алӣ ибни Ҳусайн ибни Ҳиндуи Бағдодӣ (форсӣ: ابوالفرج علی بن حسین بن هندو; 942, Қум — 1019 ё 1029, Гургон) — пизишк, файласуф, адиб, ҳаким, котиб, нависанда ва шоири форс[1]-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар улуми авоил иттилооти бисёр доштааст. Ибни Ҳиндуро бархе аз муҳаққиқон аз аҳли Рай донистаанд. Соҳиби «Таърихи Табаристон» гуфтааст, ки агарчи аҷдоди ӯ қумӣ будаанд, аммо зодгоҳ ва ватанаш Табаристон аст. Оромгоҳу марқадаш дар Астаробод, дар сарое, ки мулки ӯ воқеъ буд, иттифоқ афтодааст. Ибни Ҳинду улуми авоилро дар назди Абулҳасани Воилӣ ва Абулхайри Хаммор омӯхта, баъди муддате дар Бағдод зистан ба Гургон омад ва дар дарбори Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вашмгир (977—1013) ва писари ӯ Фалакулмаолӣ Манучеҳр (1013—1029) хидмат кард. Ӯ дар аҳди Манучеҳр аз дарбори ӯ фирор карда, ба Нишопур рафт ва он ҷо фавтид.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибни Ҳинду китобҳои зиёде дар ҳикмат, тиб, адаб ва девони ашъор (бо забони арабӣ) дорад. Дар сарчашмаҳо аз китобҳои тиббии ӯ «Мифтоҳу-т-тиб ва минҳоҷу-т-тулоб»-ро ёд кардаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Ҳинду / С. Шаҳобуддинов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.