Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ибни Ҳусоми Қуҳистонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Ҳусоми Қуҳистонӣ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: шоир
Таърихи таваллуд: 1380[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1470[2][3]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Ибни Ҳусоми Қуҳистонӣ (форсӣ: اِبْنِ حُسامِ قُهِسْتانی‌[4]; 1380[1], Бирҷанд1470[2][3], Хусф, Устони Хуросони ҷанубӣ[2]) — зоҳид, ориф, нависанда, шоир ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гузаштагонаш аз аҳли илму фазл будаанд. Нахуст дар назди падар ва баъдтар дар назди яке аз олимону воизони замонаш – Сайидмуҳаммади Шерозӣ илмҳои сарфу наҳв, маъонӣ, баён, нуҷум ва тафсиру ҳадисро омӯхтааст. Зиндагиаш хеле қашшоқона гузашта, тамоми умр аз зодгоҳаш ба ҷое сафар накарда, ба деҳқонӣ шуғл варзидааст. Бештар ашъори сурудаашро дар дастаи бел навишта, баъд рӯйнавис мекардааст. Аз ин рӯ, тазкиранависон ӯро шоире соҳибфазл ва марде вораставу қонеъ номидаанд.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Ибни Ҳусом дар анвои гуногуни адабӣ се китоб: «Девони ашъор», «Ховарнома» ва «Насру-л-лаолӣ» ба мерос мондааст. Девони ашъори Ибни Ҳусом аз 10844 байт иборат буда, қасидаҳо, ғазалиёт, қитаъаҳо, тарҷеъбанду таркиббандҳо ва рубоиётро дар бар мегирад. Дар ашъораш дар васфи осмон, силсилаи ситораҳо ва саҳнаҳои тулӯъу ғуруби офтоб ва манзараҳои табиат бо санъати воло суруда шудааст. Маснавии «Ховарнома» (1426; иборат аз 22500 байт) достони омиёна буда, ба сабки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, дар баҳри мутақориби мусаммани маҳзуф ё мақсур суруда шудааст ва диловариҳои Алӣ ибни Абитолиб ва ёрони ӯро васф мекунад. Нусхаҳои хаттии он дар музейҳои Британия ва Китобхонаи Қудси разавии Эрон маҳфузанд. Маснавии «Насру-л-лаолӣ»-и Ибни Ҳусом (иборат аз 96 байт) дар пайравии «Сад калима»-и Рашидуддини Ватвот эҷод шудааст. Ибни Ҳусом дар сурудани ҳамду наът низ маҳорати фавқулода дошт. Дар ашъораш аз санъатҳои бадеӣ, бахусус талмеҳ, зиёд истифода шудааст. Ӯ дар эҷоди шеър ба Саноӣ, Хоқонӣ, Заҳири Форёбӣ, Анварӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Салмони Соваҷӣ ва дигарон пайравӣ карда, бештар пайрави осори Хоқонӣ будааст. Девони Ибни Ҳусом соли 1988 бо кӯшиши Аҳмад Аҳмадии Бирҷандӣ ва Муҳаммадтақии Солик ба табъ расид. Муҳаққиқон девонашро таҷаллигоҳи санъатҳои бадеӣ, аз ҷумлаи санъатҳои печидаву сангин унвон кардаанд.

Намунае аз шеъри ӯ:

Эй, зи хаттат ғолия пурмушки ноб,
Оинадори рухи ту Офтоб!
То рухи ту равнақи Маҳ бишканад,
Баршикан он турраи мушкини ноб.
Бе рухи ту Меҳр надорад фурӯғ,
Зарра наёрад бари Хуршед тоб.
Дӯш маро хайли хаёлат бибурд,
Сабру қарор аз дилу аз дида хоб.
Мардумаки дида кунад дам ба дам
Рӯи ман аз ашки мулавван хизоб.
Дида маяндеш зи тӯфони ғам,
Мардуми обӣ нашикуҳад зи об.
Хоки дарат мискин Ибни Ҳисом,
Кӯи туаш даргаҳи давлатмаоб!