Икромов Акмал
Дар ин мақола пайванд ба сарчашмаҳои иттиллот намерасад. |
Икромов Акмал | |
---|---|
Икромов Акмал | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 1898[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 13 март 1938 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | сиёсатмадор |
Ҷоизаҳо | |
![]() |
Икромов Акмал (1898-1938)– дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Арбоби давлатӣ ва ҳизбӣ ва яке аз ташкилотчиёни ҳизби коммунисти Ӯзбекистон. Фаъолияти ҳизбияш аз вилоятҳои Наманган, Тошкент, Фарғона оғоз гардидааст. Аввал ҷонишини кумитаи инқилобии Намангон, баъдтар котиби кумитаҳои вилоятии РКП (б) дар Фарғона ва Сирдарё буда, сипас ду сол ба ҳайси мудири шӯъбаи ташкилӣ ва котиби КМ ҲК Туркистон кор кард. Аз соли 1922 дар Университети коммунистии ба номи Свердлови Москва таҳсил кард. Соли 1925 котиби кумитаи ҳизбии вилояти Тошкент ва дар як вақт котиби КМ ҲК (б) Ӯзбекистон, аз соли 1929 котиби якуми КМ ҲК (б) Ӯзбекистон ва Бюрои Осиёмиёнагии КМ ВКП (б). Вакили анчуманҳои XII, XIV, XVII - уми ҳизб, дар анҷуманҳои XIV-XVI-ум номзад ба узвияи, дар анҷумани XVII-аъзои КМ ВКП (б) интихоб гардид. Узви КИМ-и ИҶШС ва номзад ба аъзоии КИМ, солҳои 1925-1937 узви Президиуми КИМ – и Ӯзбекистон буд. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- ↑ German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library, Austrian National Library Record #119084325 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- Википедия:Мақолаҳо бо параметри дастнораси сана дар шаблон
- Зодагони соли 1898
- Зодагони шаҳри Тошканд
- Даргузаштагони 13 март
- Даргузаштагони соли 1938
- Даргузаштагони Маскав
- Дорандагони ордени Ленин
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Мақолаҳои хурд, ниёзманди аниқсозии шаблон
- Ашхос аз рӯи алифбо