Jump to content

Илмен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Илмен
?
Макон
Парвандаҳо дар Викианбор

Илмен (Илмер — дар таърихномаҳо, дар гуфтори славянҳои қадим — баҳри Словенск) — кӯл дар Русия, дар вилояти Новогород, дар қисми поинии пастиҳои Приилменск (Наздиилмен) ҷойгир аст. Масоҳаташ (ҳангоми сатҳи миёна) 982 км²; аз ҳисоби сатҳи об аз 733км² то 2090км² тағйир меёбад.

Дарозиаш тақрибан 45 км, бараш то 35 км, умқаш 10 м. Ба Илмен зиёда аз 50 дарё мерезад. Калонтаринашон: Мста, Пола, Ловат, Шелон. Аз Илмен д. Волхов ҷорӣ мешавад. Манбаи асосиаш оби дарёҳову борон. Дар қисми поинаш дамбаи НБО-и Волховск ҷойгир аст. Дар кӯл моддаҳои гуногуни органикӣ мавҷуданд ва об ранги зард дорад. Яхбандӣ аз моҳи ноябр то моҳи апрел. Киштигард аст. Илмен аз моҳӣ бой аст (симмоҳӣ, налим, шӯртана). Ба воситаи дарёи Мста, наҳри Приилменск ва дарёи Волхов ба Шабакаи обии Вышневолодск мепайвандад. 6 км дуртар аз Илмен дар соҳили д. Волхов шаҳри Новогоди Бузург ҷойгир аст. Дар мавриди этимологияи номи Илмен ақидаҳо зиёд аст. Дар ҳамосаи "Достон дар бораи Словен ва Рус " номи ин кӯл ба шарафи хоҳари онҳо Илмер гузошта шудааст. Асли калима бошад, аз забони словянии Илмер аст, ки дар навбати худ аз финландии Ilma-järvi- кӯли осмонранг гирифта шудааст.

Тасвири кайҳонии кӯл (феврали 2019)
Соҳили ҷанубӣ.
  • Озерецковский Н. Я. «Саёхати академик Н. Озерецковский дар кад-кади кулхои Ладога, Онега ва атрофи Ильмен» (1792 ва 1812).
  • Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов. — М. : Большая российская энциклопедия, 2004—2017.