Jump to content

Илоҳии Асадободӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Илоҳии Асадободӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Илоҳии Асадободӣ ё Илоҳии Ҳамадонӣ, машҳур ба Миръимодуддин Маҳмуди Ҳусайнӣ (? — 1654[1]) — шоир ва тазкиранависи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Эҳтимолан мутаваллиди Асадободи Ҳамадон будааст. Дар соли 1601 барои касби дониш ба Исфаҳон рафт. Дар соли 1606 ба Шероз ва сипас ба Ироқ рафт ва аз онҷо озими Ҳинд шуд ва бар сарироҳ худ чанд гоҳе дар Қандаҳор ва Кобул монд. Зоҳиран дар 1613 то 1614 дар мулозамати Замонҳобег Маҳобатхон дар Огро буд. Аз соли 1623 ба хидмати Зафархон Аҳсануллоҳи Турбатӣ расид ва пас аз бозгашти Зафархон ба Огро бо вай ҳамроҳ гашт ва дар онҷо ба сафи маддоҳони Шоҳҷаҳон пайваст, аммо дар айни ҳол риштаи улфаташро бо Зафархон нагусаст ва дар соли 1631 ҳангоме ки вай ба хидмати Кашмир баргузида шуд, бо ӯ ба Кашмир рафт ва то поёни умр ҳамонҷо монд.

  1. عمادالدین محمود الهی اسدآبادی. rasekhoon.net. 22 июни 2024 санҷида шуд.