Jump to content

Имомназар Келдиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Имомназар Келдиев
Таърихи таваллуд 26 август 1933(1933-08-26) (91 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих[d] (1996)
Алма-матер

Имомназар Келдиев (зод. 26 август 1933, Дар-Дар, ноҳияи Айнӣ) — таърихнигори тоҷик, доктори илмҳои таърих (1996), профессор (1997), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1997).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Имомназар Келдиев 26 августи соли 1933 дар деҳаи Дар-дари ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст.

Соли 1954 факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Сталинобод ба поён оварда, дар Институти таърихи ҳизби назди Комитети марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон фаъолияташро шурӯъ намуд ва то соли 1991 заҳмат кашид, вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири шуъбаро иҷро кардааст. Солҳои 1991—2002 ба сифати дотсент, профессор ва мудири кафедраи фалсафаю сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур заҳмат кашидааст[1].

Дар таҳқиқу омўзиши таърихи навини Тоҷикистони Шӯравӣ, масоили ташаккулу таҳкими давлатдории миллии тоҷикон ва дастгоҳҳои ҳизбӣ, таърихи тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна, нашри адабиёти сиёсӣ дар Тоҷикистон, кори тарҷума ва чопи асарҳои классикони марксизм-ленинизм ва дигар адабиёти сиёсӣ ба забони тоҷикӣ ва ғайра саҳм гузоштааст.

Теъдоди таълифоташ аз 250 мегузарад.

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва се Грамотаи Фахрии Президиуми Советӣ Олии Тоҷикистон қадр гардидаст.

  • Абдулло Раҳимбоев: Очерки ҳаёт ва фаъолият. — Душанбе, 1967.
  • Аз таърихи нашри адабиёти сиёсӣ дар Тоҷикистон. — Душанбе, 1968.
  • Келдиев, И., Саъдиев, М. Аз таърихи нашри адабиёти сиёси дар Тоҷикистон. — Душанбе: Ирфон, 1969.
  • Нашр ва паҳншавии асарҳои классикони марксизм — ленинизм дар Тоҷикистон. — Душанбе, 1972.
  • В. И. Ленин — барпокунандаи давлати сермиллати сотсиалистӣ. — Душанбе, 1972.
  • Издание и распространение произведений классиков марксизма-ленинизма в Таджикистане. — Душанбе, 1973.
  • В. И. Ленин ва тарбияи кормандони ҳизбию давлатӣ дар Осиёи Миёна (1917—1924). — Душанбе, 1980.
  • Инкишофи демократияи дохилиҳизбӣ дар Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (1966—1968). — Душанбе, 1988.
  • Чинор Имомов: Ҳаёт ва фаъолият. — Душанбе, 2009.
  1. Зафар Ғолибов. Профессор Имомназар Келдиев. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (25 августи 2017).