Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Империяи Испания

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Империяи Испания
1402 26 феврали 1976


Дирафш
Гимн[d]
Пойтахт Madrid city[d], Toledo[d] ва Valladolid[d]
Забон(ҳо) испониёӣ
Воҳиди пул Spanish real[d], peseta[d] ва Spanish dollar[d]
Майдон
  • 20 000 000 км²
Аҳолӣ
Шакли ҳукмронӣ polysynodal monarchy[d], personal union[d] ва подшоҳии мутлақ[d]

Импе́ротруии Испониё ё Импе́рияи Испониё (исп. Imperio Español) — маҷмӯи қаламравҳову мустамликаҳо, ки таҳти назорати мустақими Испониё дар Аврупо, Амрико, Африқо, Осиё ва Уқёнусия тасарруф (забт) карда шуда буданд. Таъсиси он бо оғози Кафшиёти бузурги ҷуғрофиёӣ рост меояд, ки дар натиҷа яке аз аввалин Имперотурии мустамликадорӣ мегардад. Империяи Испониё аз асри XV то (ҳамроҳ бо дороиҳои африқоӣ) охири асри XX вуҷуд дошт. Қаламравҳои он дар охири солҳои 1480-ум бо уния (иттифоқ)-и Шрҳигариҳои католикӣ: шоҳи Арагона ва маликаи Кастилия, муттаҳид шуданд. Сарфи назар аз он, ки монархҳо ҳукмронии ҳар як замини худро идома доданд, сиёсати хориҷии онҳо маъмул буд. Дар соли 1492 онҳо Гранадаро забт карданд ва Реконкиста-ро дар нимҷазираи Иберия бар зидди маврҳо ба итмом расониданд. Дохилкунии Гранада, яъне қаламрави собиқи аморати Гранада, ба ҳайати тоҷи Кастилия муттаҳидсозии заминҳои испаниро ба анҷом расонид, новобаста аз он, ки Испания ҳоло ҳам ба ду шоҳигарӣ тақсим буд. Дар худи ҳамон сол Христофор Колумб аввалин экспедитсияи тадқиқотии испаниро ба ғарб тариқи уқёнуси Атлантик анҷом дода, барои аврупоиҳо Ҷаҳони Навро кушода, барои Испониё аввалин қаламравҳои онсӯиуқёнусӣ таъсис намуд. Аз ҳамин вақт нимкураи ғарбӣ мақсади асосии тадқиқотҳову мустамликагардонии Испониё шуд.