Имрдодгон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Имрдодгон аз ҷашнҳои қадимаи эронӣ маҳсуб мешавад.

Рӯзи мурдод мужда дод бад-он, Ки ҷаҳон шуд ба табъ боз ҷавон (Масъуди Салмон). Имрдодгон ҳафтумин рӯз аз моҳи Имрдод аст (Имрдодрӯз дар Имрдодмоҳ). Яке аз ҷашнҳои дувоздаҳгонаи солинаи Эронӣ дар рӯзҳои ҳамном шудани рӯз ва моҳ аст. Дар ёдгориҳои куҳани Эронӣ аз ин рӯз ва ҷашни вижаи он сухани бисёр гуфта шудааст.

Имрдодгон дар сарчашмаҳои куҳан[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар матни паҳлавии Бундаҳишт чуни омадааст: Имрдоди бемарг сарвари кайҳонӣ бешуморест, зеро ӯро ба гети гиёҳи хеш аст Кайҳонро равоёнад ва рамаи гусфандонро афзояд зеро ҳамаи домҳо аз ӯ хуранд ва зист кунанд . Хайём дар “Наврӯзнома” менависад: Мардо (Имрдод) моҳ яъне хок доди хуш бидод, аз борҳо ва меваҳо ё мухта, ки дар вай ба камол расад ва низ ҳаво дар вай монанди ғубор хок пошад ва ин моҳ миёни тобистон будааст. Дар “Осор-улбоқия”- и Берунӣ чунин омадааст: “Мардод моҳ , ки рӯзи ҳафтуми он мардодрӯз аст. Он рӯзро ба ангезаи пеш омадани ду ном бо ҳам ҷашн мегирифтанд. Маънои Имрдод ин аст, ки маргу нестӣ надошта бошад имрдод фариштаест, ки ба нигоҳдории ҷаҳон ва оростани ғизоҳо, доруҳо, ки асли он аз наботот аст ва бар канори гуруснагӣ ва зиён ва бемориҳо мебошад. Коргузорӣ боқист”.

Манбаъҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

http://www.kniknam.com/Fa/Speech/SpeechShow.aspx?id=19* Бойгонӣ шудааст 16 октябри 2007  сол. http://iranshenakht.blogspot.com/2009/07/blog-post_28.html* Бойгонӣ шудааст 28 марти 2010  сол.