Jump to content

Радиои «Имрӯз»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Имрӯз (радио))
Радиои «Имрӯз»
Шаҳр Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Шиор Имрӯз, бехабар намон!
Формат иттилоотӣ, мусиқӣ
Басомад 107.4 FM
Замони пахш шабонарӯзӣ
Минтақаи пахш  Тоҷикистон
Забон форсии тоҷикӣ
Таърихи оғози пахш августи соли 2007[1]
Бунёнгузор ҶММ «Ориёно Медиа»
Молик ҶММ «Ориёно Медиа»
Вебгоҳ orionomedia.tj/imruz/

Радиои «Имрӯз» — як истгоҳи родиюии мустақил дар Тоҷикистон. Муассис — ширкати «Ориёно Медиа».

«Имрӯз» фаъолияти худро августи соли 2007 оғоз кардааст.

Ҳадаф ва пахш

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Имруз» радиои мусиқӣ ва хабарӣ буда, пахши барномаҳояш сирф ба забони форсии тоҷикӣ мебошад. Ҳар 15 дақиқа хабар пахш менамояд. Барномаи ахбори «Имрӯз» аз масоили муҳимми ҳаёти Тоҷикистон ва рӯйдодҳои ҷаҳон иборат аст. Дар ҳудуди Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Турсунзода, Ваҳдат, Кӯлоб, Ҳисор, Ёвон ва дигар навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш мегардад.

Дар «Имрӯз» таҳти рубрикаҳои «Иқтисод», «Имрӯзи Ислом», «Имрӯзи варзиш», «Илми Имрӯз» ва «Имрӯзи Арт» барномаҳо шунавонида мешавад.