Индекси саноатии Доу Джонс
Индекси саноатии Доу Джонс (англ. Dow Jones Industrial Average, мухтасар DJIA; NYSE: DJI) — яке аз куҳантарин индексҳои бозории мавҷудбудаи амрикоӣ мебошад. Индекс соли 1884 аз тарафи муҳаррири рӯзномаи Wall Street Journal Чарлз Доу, барои пайгирии рушди ҷузъи таркибии саноатии бозорҳои фондии Амрико, таъсис дода шуда буд.[1] Ҳеҷ яке аз корхонаҳои саноатии ибтидоӣ дар индекс боқӣ намондаанд.[2]
Гарчанд DJIA яке аз индекси саҳмияҳои куҳантарин ва маъруфияти бештардошта мебошад, аксари мутахассисон бар он ақидаанд, ки Dow Jones дар муқоиса бо индексҳои бозории нисбатан фарох, ба монанди S&P 500 ё индекси Russell 2000, бозори умумии фондии ИМА-ро ба таври номувофиқ инъикос менамояд.
Пастшавии аз ҳама зиёди индекс дар «душанбеи сиёҳ»-и соли 1987 рӯй дода буд, ки ҳамон вақт Доу Джонс 22,6%-ро аз даст дод.[3]
Ҳисобкунӣ ва маҳакҳои интихоб
[вироиш | вироиши манбаъ]Индекс 30 ширкатҳои азимтарини ИМА-ро фаро гирифтааст. Таърифи «саноатӣ» - на беш аз поси хотири таърих мебошад: алҳол аксари ин ширкатҳо ба соҳаи мазкур нисбат надоранд.
Дар аввал индекс ҳамчун нархи миёнаи арифметикӣ ба саҳмияҳои ширкатҳои фарогирифта ҳисоб карда мешуд. Ҳоло бошад, барои ҳисобкунӣ ҷамъи нархи ҳамаи 30 саҳмияро ба коэффитсиенти Доу Джонс тақсим мекунанд.[4] Аз 4 ноябри соли 2021 коэффитсиенти Доу-Джонс 0,15172752595384 ташкил медиҳад.[5] Ҳар гоҳе, ки саҳмияҳои ширкат аз ҳисоби майдакунии саҳмияҳои ибтидоӣ зиёд мегарданд ва ин гуна майдакунӣ ба ифодаи коэффитсиент таъсир намерасонад, коэффитсиент тағйир меёбад.
Усулҳои сармоягузорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сармоягузорӣ ба индекси Доу-Джонс тавассути фондҳои индексӣ, инчунин тавассути абзорҳои ҳосилшуда, ба монанди, аҳдномаҳои опсионӣ ва аҳдномаҳои фючерсӣ, имконпазир мебошанд.
Биржаи опсионҳои Чикаго аҳдномаҳои опсиониро ба Dow тавассути рамзи асосии DJX мебарорад.[6]
ETF, ки нишондиҳандаҳои индексро такрор мекунад, аз тарафи State Street Corporation бароварда мешавад.[7]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ The First 12 Dow Components: Where Are They Now?. forbes.com. 28 Январ 2022 санҷида шуд.
- ↑ What Happened to the First 12 Stocks on the Dow?. fool.com. 28 Январ 2022 санҷида шуд.
- ↑ Preliminary Observations on the October 1987 Crash. archive.gao.gov. 28 Январ 2022 санҷида шуд.
- ↑ Brokers for Trading Indices Guide. comparebrokers.co. 28 Январ 2022 санҷида шуд.
- ↑ Forex Trading Industry Statistics and Facts 2020. dailyforex.com. 28 Январ 2022 санҷида шуд.
- ↑ SPDR Dow Jones Industrial Average ETF (DIA). nasdaq.com. 28 Январ 2022 санҷида шуд.
- ↑ The Best (and Only) Dow Jones Industrial Average ETF for Q1 2022. investopedia.com. 28 Январ 2022 санҷида шуд.