Jump to content

Институти илмҳои гуманитарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Институти илмҳои гуманитарӣ
Соли таъсис 1991
Нишонии ҳуқуқӣ ш. Хоруғ, ВМКБ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 736002, кӯчаи Холдоров, 1
Сайт anrt.tj

Институти илмҳои гуманитарӣ — дар заминаи Шӯъбаи помиршиносӣ ва Шӯъбаи таҳқиқоти иҷтимоиву иқтисодии Пойгоҳи дар Помир будаи АИ ҶТ бо мақсади тавсияи минбаъдаи таҳқиқоти бунёдии забонҳо, фарҳанги хоси маънавӣ, таърих, иқтисод ва шуури ҷамъиятии мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Институти илмҳои гуманитарӣ соли 1991 бо қарори Раёсати АИ ҶТ дар заминаи Шӯъбаи помиршиносӣ ва Шӯъбаи таҳқиқоти иҷтимоиву иқтисодии Пойгоҳи дар Помир будаи АИ ҶТ бо мақсади тавсиаи минбаъдаи таҳқиқоти бунёдии забонҳо, фарҳанги хоси маънавӣ, таърих, иқтисод ва шуури ҷамъиятии мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони ҶТ таъсис ёфтааст. Нахустин директор-ташкилотчии институт доктори илми фалсафа Хаёлбек Додихудоев (солҳои 1991-2000) буд. Аз соли 2000 то соли 2018 доктори илмҳои филологӣ Шодихон Юсуфбеков директори институт буд.

Сохтор ва ҳайати пажӯҳишгоҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба ҳайати институт воҳидҳои зерини илмӣ дохил мешаванд:

  • шӯъбаи забонҳои помирӣ;
  • шӯъбаи фолклор ва адабиёт;
  • шӯъбаи таърих, мардумшиносӣ, бостоншиносӣ ва фарҳанг;
  • шӯъбаи таҳқиқоти иҷтимоиву иқтисодӣ.[1]

Дар институт 36 нафар кор мекунанд, ки аз онҳо 4 нафар доктор ва 11 нафар номзади илм мебошанд. Институт бо институтҳои забоншиносӣ, шарқшиносӣ, фалсафа, таърих ва антропологияи АИР, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Россия, факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, кафедраи забонҳои эронии Институти кишварҳои Осиё ва Африкаи Донишгоҳи давлатии Москва ва муассисаҳои илмии АИ ҶТ робитаи илмӣ дорад. Дар соҳаи омӯзиши осори исмоилӣ институт бо Институти исмоилшиносии Лондон ҳамкорӣ дорад.

Кормандони институт тадқиқи синхрониву диахронии фонетика, сарфу наҳв, лексика ва луғатшиносии забонҳои помирии дар қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя паҳн гардидаро анҷом додааст, ки дар асарҳои зерини забоншиносон-помиршиносон инъикос ёфтааст:

  • Д.Карамшоев. Луғати шуғнонӣ-русӣ.Дар се ҷилд (1989, 1991, 1999);
  • Д.Карамшоев. Алифбои фаврии забонҳои помирӣ. (1994);
  • Д.Карамшоев. М.Аламшоев. .Алифбо. (1996);
  • Ш. Юсуфбеков. Дейктикӣ дар забонҳои гурӯҳи шуғнониву рӯшонии забонҳои помирӣ. (1998);
  • Ш.Юсуфбеков. Сангличский язык в синхронном историческом освещении. (М., 1999),
  • Ш.Юсуфбеков. Д.И.Эделман ва диг. Забонҳои ҷаҳон: Забонҳои эронии шарқӣ. (2000),
  • Ш.Юсуфбеков. История Горно-Бадахшанской автономной области. (Душанбе, 2005),
  • Ш.Юсуфбеков. Сангличский язык.//Основы иранского языкознания: Бесписьменные языки. (М., 2008)
  • М.Аламшоев. Системаи ҷонишинҳои забони шуғнонӣ (дар муқоиса бо забонҳои дигари гурӯҳи шуғнониву рӯшонӣ). (1994);
  • М.Аламшоев, Д. Карамшоев. Хугнуни зив. (забонҳои шуғнонӣ барои синфҳои 1-4) (2000);
  • Ш.Мирзоев. Дар бораи системаи синонимҳо ва лексикаи забони шуғнонӣ. (1999);
  • М.Мамадасламов. Системаи пешояндаҳои ифодакунан-даи макону замон дар гурӯҳи шуғнониву рӯшонии забонҳои помирӣ. (1999);
  • И.Раҳимов. Вазъи таърихии лексикаи мардумшиносии забони язғуломӣ. (1991).
  • А. Шохуморов Разделение Бадахшана и судьбы исмаилизма. Институт востоковедения РАН, Институт востоковедения АН РТ, М., Душанбе. - 2008 - 126 с.

Дар соҳаи фолклоршиносӣ ва адабиёти Бадахшон таҳқиқи жанриву типологии адабиёт ва фолклори ин минтақа сурат гирифтааст:

  • Н.Шакармамадов «Даргилик-жанри махсуси фолклор» (1992);
  • Н.Шакармамадов «Фолклори Помир», ҷ.1.
  • «Зарбулмасал ва мақолаҳои сокинони Шуғнон ва Рӯшон» (1992);
  • Н.Шакармамадов «Сурудҳои туйии Помир» (1993);
  • Н.Шакармамадов «Муқаддасот – мероси таърихиву фарҳангии халқ» (2011).

Кормандони шӯъбаи фолклоршиносӣ ва адабиёти Бадахшон:

  • «Куллиёти фолклори Помир» ҷ. 2,
  • «Нақлу ривоят-ҳои мардумӣ», ҷ. 3 ва 4
  • «Афсонаҳо», ҷ. 5
  • «Сурудҳои помиризабон»-ро ба нашр омода намуданд.[2]

Дар соҳаи фалсафа, дин ва сотсиология институт корҳои зеринро анҷом дод: таҳқиқи ҷомеи аҳолии исмоилӣ ва робитаи он бо зардуштия, тасаввур ва ҷараёнҳои дигари Шарқи исломӣ, ки дар осори зиёди профессор Х.О.Додхудоев ва асари А.Шохуморов инъикос ёфтаанд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]