Ислом Наботов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ислом Наботов (тав. 5. 02. 1938, деҳаи Мулло Розиқи вилояти Бухоро), омӯзгор, иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (1975), дотсент(1985).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1961 факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1961–1963 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1964–1965 корманди Главлити назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон буд. Соли 1968 факултети иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1969–1972 аспиранти донишгоҳи мазкур, 1972–2004 муаллими калон ва дотсенти кафедраи назарияи иқтисоди Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Муаллифи 4 асар ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ (Тошкент, Киев, Алма- Ато, Душанбе) бо маърӯзаҳо баромад кардааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Факторы интенсивного развития и производства, Д., 1992;
  • Интенсивное развитие экономики, Д., 1992;
  • Проблемы интенсивного развития промышленности Республики Таджикистана, Д., 1994;
  • Особенности интенсификации производства и совершенствования отраслевой структуры промышленности Таджикистана – важный фактор интенсивного развития в условиях перехода к рыночной экономике, Д., 1997.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]