Jump to content

Исмати Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Исмати Бухороӣ
Таърихи таваллуд: 1365
Таърихи даргузашт: 1436
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ

Исмати Бухороӣ (форсӣ: عصمت بخاری‎) ё Исматуллоҳи Бухорӣ (форсӣ: عصمةالله بخارایی‎; 13651436) — шоири форс-тоҷики давраи темурӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳоҷа Исматуллоҳ дар байни солҳои 1365—1374 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Исмати Бухороӣ шоири форсу-тоҷик буда, дар замони худ бештар бо номи Ҳоҷа Исмат машҳур будааст.

Аз хурдӣ ба омӯзиши илм рағбат зоҳир карда, дар Бухоро таҳсили илм намудааст. Дар замони салтанати султон Халили Темурӣ ба хидмати дарбор ба Самарқанд даъват шуда, вале ба зудӣ аз хидмати дарбор рӯй тофтааст. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо аз уламои номдори замони худ буда, махсусан дар илми шеър маҳорати баланд доштааст.

Мероси адабии Исмати Бухороӣ ақидаҳои сиёсию иҷтимоӣ, афкори тарбиявию ахлоқӣ, танқиди рӯҳониёни мутаассиб, мазмунҳои ошиқонаю ҳаётдӯстонаро фаро гирифтааст. Ақидаҳои иҷтимоии шоир асосан аз масъалаҳои муносибати ӯ бо ҳаёт, муҳити зиндагӣ, тартиботи ҷамъият, аҳли ҷоҳу мансаб, шиква аз бенавоию қашшоқӣ иборатанд.

Мундариҷаи баъзе абъёти панду ахлоқии шоир имрӯз ҳам аҳамияташро гум накардааст. Вай дар ин қабили ашъор инсонҳоро ба инсондӯстӣ, қадршиносӣ, устувор будан дар сари мақсад, меҳнатдӯстӣ, хоксорӣ, ғанимат шумурдани умр ва дар роҳи хайр сарф кардани он даъват мекунад. Ақидаҳои ҳаётдӯстонаи Исмати Бухороӣ бештар хусусияти тарғиботӣ дошта, вай аз дунёи моддӣ баҳравар гардиданро таъкид кардааст. Шоир ин нуқтаро бештар дар зимни тавсифи маю маъшуқа ифода карда, ишқу муҳаббати поки инсон, майи гулгун, мусиқию рақс, шодию тараб тасвир кардааст.

Биёр бода, ки фасли баҳор меояд,
Зи гулрухони чаман бӯи ёр меояд.
Магар зи ҷоми май аст обхӯрди хоки чаман,
Ки лола медамаду гул ба бор меояд.
Бунафша бо сари зулфи ту лофи хубӣ зад,
Кунун зи гуфтаи худ шармсор меояд.
Ба сӯи ҳалқаи зулфат зи бӯстон ҳар шаб,
Сабо ҳаме раваду мушкбор меояд.
Бар он салосили мушкин магар гузашт насим,
Ки боз шефтаву беқарор меояд.
Ҳадиси оби ҳаёти лаби ту мегӯям,
Ки гавҳари Суханам обдор меояд.
Чу баҳр хотири ту мавҷ мезанад Исмат,
Сафинаҳои дурат бар канор меояд.


Исмати Бухороӣ умри худро бештар дар шаҳри Бухоро гузаронидааст. Баъд аз исёни феодалҳо дар оворагӣ буд. Ҳокими нави Бухоро Улуғбек Исматро дубора ба хидмати дарбор даъват намуд, вале Исмат ин таклифро қабул накарда, гӯшанишинӣ ва дар миёни дарвешон буданро авло донистааст. Дар натиҷа Исмати Бухороӣ дар байни мардуми оддию заҳматкаш обрӯю эътибор, шуҳрати тамом пайдо кард. Исмати Бухороӣ дар ҷаҳонбинии суфия ва дар ақидаи иҷтимоӣ адолатхоҳ буда, баъд аз тарки дарбор пурра ба ҳаёти суфиёна гузашта, олами дарвешию фақириро бар олами подшоҳону золимон муқобил гузоштааст. Эътирозҳои зиддифеодалии Исмати Бухороӣ на танҳо дар масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, балки дар афкору ақидаи ӯ низ зоҳир гаштааст. Исмати Бухороӣ соли 1426 дар шаҳри Бухоро аз олам гузашт.

Эҷодиёти Исмати Бухороӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар девони шоир, ки бештар аз 10 ҳазор байт иборат аст, қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа ва маснавиҳои хурди шоир гирдоварӣ шудаанд. Ашъори лирикӣ ва сурудҳояш вирди забон гардидаанд. Исмати Бухороӣ тартиботи носози замонашро зери танқид гирифта, чунин гуфтааст:

Дар ҳама олам яке осуда аз ғам ёфт нест
К-он чи дил меҷӯяд, андар ҳар ду олам ёфт нест.

Дар эҷодиёти Исмати Бухороӣ аз як тараф муваффақиятҳои адабиёт то асри XV-и форсу тоҷик акс ёфта бошад ҳам, аз тарафи дигар, сурудаҳои худи ӯ ба давраҳои минбаъдаи адабиётамон бетаъсир намондааст. Исмати Бухороӣ дар сурудани рубоӣ, қитъа, чистон, фард ва ба кор бурдани ҳама гуна санъатҳои бадеӣ маҳорати баланд нишон дода, дар доираи ин шаклҳои шеърӣ маъниҳои гуногунро ифода кардааст. Вай дар инкишофи минбаъдаи ин қабил ашъор ҳиссаи арзандае дорад. Исмати Бухороӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик аз ҷумлаи аввалин шоиронест, ки шеърҳои тоҷикию ӯзбекӣ сурудааст.

Мероси адабии Исмати Бухороӣ аз як девони шеърҳо иборат буда, қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа ва маснавии «Иброҳими Адҳам»- ро дар бар мегирад. Ӯ дар шеърҳояш аз тақсими нобаробарии неъматҳои моддӣ дар ҷамъияти феодалӣ шикоят карда, онро маҳкум намудааст:

Ғояти фикр аз меваи подшоҳӣ бартар аст,
Мулки шоҳи дигару завқи гадоӣ дигар аст.
Мо ба далки куҳна менозему доғи нестӣ,
Дигаронро сарфарозӣ гар паноҳу афсар аст.

Ашъори Исмати Бухороӣ аз мадҳу тавсиф, ҳиссиёти суфиёна ва таассуроти ошиқона саршор аст. Шоир бештар ба эҷод кардани шеъру ғазал шавқу рағбати беандоза дошт.

  • Гулшани Адаб, Душанбе