Истиғноии Нишопурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Истиғноии Нишопурӣ

Абулмузаффар Наср ибни Муҳаммад Истиғноии Нишопурӣ (форсӣ: استغنایی نیشابوری‎; ? — қарни Х) — шоири форс-тоҷики ҳамқарни Рӯдакӣ.

Ризоқулихони Ҳидоят дар «Маҷмаъулфусаҳо» Истиғноиро шоири аҳди Оли Бӯя ва Оли Сомон медонад. Ин шоир яке аз ҳафт шоири маъруфи Нишопур аст, ки Манучеҳрӣ дар қасидаи маъруфи худ зикр кардааст[1]. Қитъаи зайл ягона шеърест, ки аз Истиғноӣ боқӣ мондааст:

Ба моҳ мондӣ, агар нестиш зулф сиёҳ,
Ба Зуҳра мондӣ, агар нестиш мушкин хол.
Рухон-шро ба яқин гуфтаме, ки хуршед аст,
Агар набудӣ хуршедро кусуфу завол.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]