Jump to content

Исфандгон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Исфандгон яке аз чашнҳои бостонаи Эронӣ ба ҳисоб меравад.

Маълумот барои н чашн

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рӯзи панҷуми ҳар моҳ ва моҳи дувоздаҳуми ҳар сол Исфанд ё Сипандормаз ном дорад. Агарчи манобеи куҳан онро дар рӯзи панҷуми Исфанд зикр кардаанд. Вале бо таваҷҷуҳ ба сохтори тақвим дар замони Хайём, ки пас аз Абурайҳон мезиста сиву як рӯз шудани шаш моҳи нахусти сол дар гоҳшумории Эронӣ баъзе манбаъҳо ба иштбоҳ таърих зикршударо шаш рӯз ба ақиб овардаанд, ки нодуруст мебошад. Зеро тибқи манобеъи куҳан ва ҳамонтавр, ки аз номи пайдоиши ин ҷашн ба рӯзи Испанд яъне панҷумин рӯзи моҳ ба рӯзи исфанд ишора дорад.

Решашиносии вожаи Исфанд ва Сипандормаз

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вожаи форсии исфанд (испанд) аз вожаи паҳлавии Spandarmat ва авастоӣ Spentaаrmaiti баргирифта шудааст. Ин вожа, ки дар авастоӣ Spentarmaiti омадааст номи чаҳоруми ампшоспанд аст. Вожаи мазкур аз ду бахш Spenta (сипатан, сипанд) ба маънои “покӣ” ва “муқаддас” ва Armaiti ба маънои “фурутанӣ” ва “бурдборӣ” ташкил шудааст. Маънои ин ду вожа бо ҳам “фурутанӣ, покӣ, муқаддас” аст. Вожаи мазкур дар порсии миёна ба гунаи Sapedormad ва дар форсии нав Сипедормаз ва Испедормаз исфанд шудааст.

Оинҳои ҷашн

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти А.Берунӣ Исфандормаз эзиди мовкул бар замин ва эзидҳои нигаҳбони занони шавҳардўст, порсо ва дурусткор буда ба ҳамин муносибат ин рӯз иди занон ба шумор мерафт. Мардум ба ҷиҳати гиромӣ доштан ба онҳо ҳадя дода ва бахшиш мепурсиданд. Занон на танҳо ҳадя мегирифтанд, балки фармонравоӣ мекарданд ва мардон бояд, ки аз онон фармон мебурданд. Эрониён аз дер рӯз ин ҷашнро ҳамчун иди зан ва модарон меномиданд.

Ин ид то охирҳо дар шаҳри Кошон ва дҳоти он гирифта мешыд [1]

• 1.Ризо Ҳ. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Эрони бостон.- 687 с.

• 2.Иброҳим П. Маҷмуаи мақолоти Аноҳито. Теҳрон: -Донишгоҳи Теҳрон. -1362. 168 с.

  1. Habib Borjian, “KASHAN vi. THE ESBANDI FESTIVAL,” Encyclopaedia Iranica, 2012, XVI/1, pp. 29-32, available online at http://www.iranicaonline.org/articles/kashan-vi-the-esbandi-festival