Jump to content

Исфаҳон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Исфаҳон
форсӣ: اصفهان
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Ali Qasemzadeh[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 493,82 км²
Баландии марказ 1 574 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:30[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ форсӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 031, 0913
Нишонаи почта 811
isfahan.ir(форсӣ)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Исфаҳон, (порсӣ اصفهان‎ , форсӣ-тоҷикии сипоҳон, сипаҳон, паҳлавии –spāda - сипоҳ) — шаҳр дар қисми марказии Эрон, дар соҳили д. Зиндарӯд. Дар доманаи к. Зограс, дар баландии 1600 м. аз с. б. ҷойгир аст. Маркази маъмурии вилоят (устон)-и Исфаҳон. Аҳолиаш 1,9 млн нафар (2017). Баъди Теҳрон ва Машҳад севвумин шаҳри сераҳолии Эрон. Аҳолиаш мусулмон буда, аксарият шиамазҳабанд. Шабакаи бузурги нақлиётӣ, метрополитен ва фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Исфаҳон одамон дар давраи палеолит маскун шудаанд. Аз замони қадим Исфаҳон бо номҳои Спаҳон, Сифоҳон, Сифоҳун, Сибоҳон, Гобиён, Гобия, Испондоно ва ал-Яҳудия ё Доруляҳудия маъруф аст. Ин шаҳр пеш аз ислом, бахусус дар аҳди Сосониён (асрҳои  3–7) маркази иқтисодӣ, маъмурӣ ва фарҳангии Эрон буд. Ба он хотир «ал-Яҳудия» меноманд, ки Куруши Бузург пас аз забти Бобул яҳудиҳоро аз асорати шоҳи Бобул наҷот дод, як қисме аз яҳудиҳо ба Фаластин баргаштанд ва теъдоди дигари онҳо ба Эрон омада, дар ин минтақа, ки Доруляҳудия номгузорӣ шуда буд, сокин шуданд. Тибқи ривояте Яздигурд мардуми қавми яҳудро бар асари иғво ва таҳрики зани яҳудияш Шушондухт барои иқомат дар ин ҷо иҷозат додаст. Исфаҳонро севвумин подшоҳи силсилаи Пешдодиён Таҳмурас бунёд кардааст. Ин шаҳр маҳалли убури роҳҳои асосӣ буд ва Страбон Исфаҳонро маркази кишвари Эрон ном мебарад. Исфаҳони қадим бахше аз қаламрави шоҳони Элом маҳсуб мешуд ва бо унвони Испондоно ба яке аз шаҳрҳои муҳимми Мод табдил ёфт. Пас аз он Исфаҳон зери итоати Ҳахоманишиён қарор гирифт. Соли 644 Исфаҳонро арабҳо ишғол карданд. Солҳои 641–42 аз ҷониби арабҳо забт шуда, то оғози садаи X зери тобеияти онҳо буд. И. чанд муддат зери тасарруфи Саффориён ва муддате дар ҳайати давлати Сомониён буд. Соли 931 Мардовиҷи Зиёрӣ Исфаҳонро аз итоати арабҳо озод карда, пойтахти худ қарор дод. Сипас хонадони Бӯия, ки аз сулолаи Дайламиҳо буданд, ҳукумати Исфаҳонро аз Мардовиҷи Зиёрӣ гирифтанд. Соли 938–39 Вашмгир бори дигар Исфаҳонро ба даст овард ва худи ҳамин сол Исфаҳон боз ба дасти Рукнуддавлаи Дайламӣ афтод. Пас аз он Исфаҳон пешрафти пешини худро барқарор кард ва донишмандону фозилон дар он гирд омаданд. Дар ибтидои садаи XI И. зери тасарруфи Ғазнавиён қарор дошт. Соли 1051 Туғрули Салҷуқӣ пас аз муҳосираи тӯлонӣ Исфаҳонро ишғол кард. Исфаҳон бо тадбири Абулфатҳ Музаффари Нишопурӣ, ки аз ҷониби Туғрул ба ҳукумати Исфаҳон мансуб шуда буд, бозсозӣ гардид ва муддати се сол мардуми он аз андоз озод буданд. Туғрул пойтахти ҳукуматашро аз Рай ба Исфаҳон кӯчонда, 12 сол дар он подшоҳӣ кард ва солҳои баъдӣ низ Исфаҳон пойтахти Салҷуқиён буд. Соли 1387 лашкари Темури Ланг Исфаҳонро ишғол карда, дар он андози зиёд ҷорӣ кард. Мардум аз ин ба шӯр омада, доруғаи Темури Лангро бо сипоҳиёнаш ба қатл расонданд. Темур аз ин кор огоҳ гардида, бо лашкариёни худ ба шаҳр ворид шуд ва қатли ом кард (такрори рафтори чингизиён). Бинобар шаҳодати Низомуддини Шомӣ, шумораи қатлгардидагон он қадар зиёд буд, ки аз он миён бо фармони Темури Ланг «то ҳафтод ҳазор адад сари одамӣ ба зоҳири Исфаҳон ҷамъ карданд, намунаи Рӯзи Растохез дар он шаҳр зоҳир шуд... Ва фармуд, то аз он сарҳо манораҳову гилтӯдаҳо сохтанд».  Дар охири садаи XVI шоҳ Аббоси I И.-ро давлати Сафавиён эълон кард. Минбаъд И. ба дасти Қоҷориён ва Паҳлавиён гузашт. Исфаҳон дар замони ҳукмронии Саффавиён (1501–1722) пойтахти кишвар буд. соли 1722 И.-ро Мирмаҳмуд писари Мирвайси Ҳутакӣ ба муҳосира гирифт. пас аз муҳосираи тӯлонӣ як қисми Исфаҳонба харобазор табдил ёфт ва мардуми зиёд аз гуруснагӣ ба ҳалокат расиданд.

Аз ёдгориҳои меъморию таърихӣ  мадрасаи Чаҳорбоғ (асрҳои 9–20), масҷиди ҷомеъ (асрҳои 9–20), манораи Чиҳилдухтарон (асри 12), мақбараи Ҷаъфар (асри 14), мақбараи Ҳоруни Вилоя (1512), майдони Шоҳ (охири садаи XVI), масҷиди Лутфуллоҳ (1603–18), кохи Алӣ Копу (ё Олиқопу; садаи XV), кохи Чиҳилсутун (1590), манораи Ҷунбон (асри 16), майдони Нақши Ҷаҳон, қасри Саодатобод (асри 17), масҷиди Имом (1320–40), Сивусепул, Пули Хоҷу (1641–66), Бурҷи Кабӯтархона, гузари Чаҳорбоғи Аббосӣ, Сабзамайдон, оташгоҳи Исфаҳон,   кохи Ҳаштбиҳишт, калисои Вонк, ҳаммоми Алиқулиоқо маҳфуз мондаанд.

Дар Исфаҳон Донишгоҳи Исфаҳон (1946), донишгоҳҳои илмҳои тиб (1950), санъат (1974), техникӣ (1977), бештар аз 50 маркази касбӣ-техникӣ, китобхонаи марказӣ (1991), осорхонаҳои арманӣ (1930), таърихӣ-табиӣ (1988), санъати ороишӣ (1996) мавҷуданд.

Исфаҳон яке аз марказҳои бузурги саноатии мамлакат буда, дар он истеҳсоли лавозимоти ҳарбӣ, васлкунии ҳавопаймоҳои «Iran-140» (ба мисли ҳавопаймои украинии «Ан-140») ба роҳ монда шудааст. Саноати коркарди нафт ва нафту кимиё (истеҳсоли равғанҳои молиданӣ, маводди хушбӯйкунанда), нассоҷӣ (матоъҳои пашмӣ, пахтагӣ ва абрешимӣ), хӯрокворӣ (шакар, равғанкашӣ), чарму пойафзор, саноати истеҳсоли семент ривоҷ ёфтааст. Маркази таҳқиқоти ҳастаӣ (реакторҳои ҳастаии озмоишӣ), маркази қадимии қолинбофӣ ва миниатураи асримиёнагӣ; истеҳсоли зарбофт ва маснуоти филиззӣ рушд кардааст. И. аз  шаҳрҳои муҳим ва таърихии олам буда, ҳамчун осорхонаи таърихи зинда дар ганҷинаи фарҳангу тамаддуни Эрон ба ёдгор мондааст ва чанде аз ёдгориҳои меъмориву таърихиаш ба рӯйхатти  Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд.  И. зодгоҳи ҷуғрофиёдон ва сайёҳҳон Ибни Русто (аввали садаи X), Муқаддасӣ (асри 10), шоирон Камолуддини Исфаҳонӣ (фавт 1237), Ҷалолуддини Исфаҳонӣ (фавт 1189), муаррих Афзалуддин Фазлуллоҳи Исфаҳонӣ ва дигарон аст.


Шаҳрҳои устони Исфаҳон
Ардистон | Исфаҳон | Ноин | Наҷафобод | Натанз | Муборака | Симерум | Фаридуншаҳр | Фаловарҷон | Кошон |Хур | Хумийнӣшаҳр | Хонсор | Чодигон | Шаҳризо
  1. https://www.citypopulation.de/Iran-MajorCities.html
  2. جمعیت به تفکیک تقسیمات کشوری (форс.)