Соли 2016

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Садаҳо: Садаи 20 (мелодӣ) - Садаи 21 (мелодӣ) - Садаи 22 (мелодӣ)
Даҳаҳо: Даҳаи 1980 (мелодӣ)   Даҳаи 1990 (мелодӣ)   Даҳаи 2000 (мелодӣ)   -
Даҳаи 2010 (мелодӣ) -  Даҳаи 2020 (мелодӣ)  Даҳаи 2030 (мелодӣ)  Даҳаи 2040 (мелодӣ)
Солҳо: 2013 2014 2015 - 2016 - 2017 2018 2019

Соли 2016 (соли дуҳазору шонздаҳум) — рӯзи оғози сол ҷумъа. Ин соли 2016-уми эраи мо, соли 16-уми ҳазорсолаи 3-юм, соли 16-уми асри XXI, соли 6-уми даҳсолаи 2-юми асри XXI ба шумор меравад.

Соли маориф дар давлатҳои ИДМ[1].

Рӯйдодҳо[вироиш]

Январ[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Январи соли 2016
  • 15 январ Википедиа ҷашни 15 солагии амалашро таҷлил намуд. Дар асри XXI лоиҳаи Википедиа башарияти оламро бомаърифат кард ва ин саҳми барҷаставу беғаразонаи ҳамкории корбарони гуногунзабони лоиҳа, барои башарият аст. Нигаред ба саҳифаи 15 солагии Википедиа

Феврал[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Феврали соли 2016

Март[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Марти соли 2016

Донистаниҳо[вироиш]

Рӯйхате шаҳру ноҳияҳо ва иншооти ҷуғрофӣ, ки номашон тағйир ёфт:
  1. Ноҳияи Ҳисор - шаҳри Ҳисор;
  2. Ноҳияи Тавилдара - ноҳияи Сангвор;
  3. Ноҳияи Ҷиргатол - ноҳияи Лахш;
  4. Ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ - ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;
  5. Ноҳияи Ҷиликӯл - ноҳияи Дӯстӣ;
  6. Ноҳияи Қумсангир - ноҳияи Ҷайҳун;
  7. Ноҳияи Шӯрообод - ноҳияи Шамсиддин Шоҳин;
  8. Шаҳри Қайроққум - шаҳри Гулистон;
  9. Шаҳри Чкаловск - шаҳри Бӯстон;
  10. Ноҳияи Ғончӣ - ноҳияи Деваштич;
  11. Обанбори Қайроққум - обанбори Баҳри тоҷик.
  • Ғайр аз ин, ба ифтихори Пешвои миллат шаҳрак дар ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон Раҳмонобод номгузорӣ шуд. Ин шаҳрак бо ташаббуси президенти Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта дар мавзеи Питовдашт барои сокинони моҳи июли соли 2015 аз селфароӣ осебдида бунёд гардид.[5]

Апрел[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Апрели соли 2016
  • 22 апрели соли 2016 Корхонаи ҶДММ “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” — дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба истифода супорида шудааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи як коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ дар саҳни ҳавлии он барои бунёди боз ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи корӣ санги асос гузошт.[6]
  • Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон 15 март тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро имзо намуд, ки мувофиқи он ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот, ном ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезе, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ карда шудааст”.

Аз моҳи марти соли равон номгузорӣ бо истифода аз пасвандҳои “ов” ва “ович” мамнуъ мебошад: “Аммо ин муқаррарот ба ақалиятҳои миллӣ рабт надорад. Барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва тоза нигоҳ доштани забон муқаррар шудааст, ки тоҷикон аз номгузории миллии худ кор баранд. Тоҷикон метавонанд бо истифода аз пасвандҳои “зода”, “иён””пур” ва ғайра фарзандонашонро ном гузоранд. Барои афроде, ки феълан бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, иваз намудани номгузорӣ ихтиёрӣ мебошад: "Онҳое, ки айни ҳол дар санадҳо бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, метавонанд номгузорияшонро иваз кунанд. Ин ихтиёрӣ мебошад".[7]

Май[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Майи соли 2016

Июн[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Июни соли 2016
  • То 1 июни соли 2016 дар Википедиа 293 қисматҳои забонҳои ҷаҳонӣ (аз он ҷумла 282-тои он фаъол) мавҷуданд. Аз ҷумла, 13-тои он зиёда аз 1 миллион мақола, 45-тоаш аз 100 ҳазор то 1 млн. мақола, 74-тоаш зиёда аз 10 ҳазор мақола (аз ҷумла ба забони тоҷикӣ) ва 112 қисматҳо зиёда аз 1 ҳазор мақола доранд. Ҷамъи ҳамаи мақолаҳои ба забоноҳои гуногун вироишгардида то 1 июни соли 2016 - 40 157 126 мақола (аз ҷумла зиёда аз 150 млн. саҳифа)ро дарбар мегирифт).[8]

Июл[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Июли соли 2016

Август[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Августи соли 2016
  • 20 август — Шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллии Бразилия (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия мусобиқоти ниҳоӣ шурӯъ шуд ва варзишгари Тоҷикистон Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт ва сазовори унвони чемпиони бозиҳои XXXI олимпӣ ва медали тиллои Бозиҳои олимпӣ гардид.
  • 24 август — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар ноҳияи Ёвон дар вазъияти мутантан роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлобро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин роҳи оҳан пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистоншаҳри Душанберо бо Вилояти Хатлон пайваст мекунад. Сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дорад, ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуда буд. Масофаи умумии он дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон 41 км буда, дар ин масир 3 нақб ва 8 адад пули калону миёна сохта шудааст.
  • 1825 август — Аз 18 то 25 август донишномаи Википедия.ру (анг. Wikipedia.ru), ба рӯйхати сомонаҳои дар Русия баста шуда шомил шуда буд. Ин амал бо пешниҳоди қарори суди яке аз ноҳияҳои вилояти Астрахани Русия барои дар ВП русӣ нашр намудани мақолаи "Чарас" ([[[9]|бештар...]]) ки таркибаш аз ингредиенти нашъаовар иборат аст, амалӣ гашта буд. 25.08.2016 Роснадзори Русия ин амалашро бекор кард ва ВП русӣ дар қаламрави Русия боз ба кор даромад. ([бештар...])
  • 25 август — Дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе вақти бегоҳӣ машқҳои роҳпаймоии ҳайати ҷузъу томҳои вазоратҳои қудратии ҷумҳурӣ барои гузаронидани паради ҳарбӣ ба муносибати таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 9 сентябр - (Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон) сар шуд. Дар назар аст ки паради ҳарбӣ бо иштироки 9 ҳазор афсару аскарон ва бори аввал бо иштироки хизматчиёни низомӣ - занҳо гузаронида мешавад. Умуман, дар паради пешистода тахминан 50 ҳазор нафар хизматчиёни идораҳо ва донишҷуён ҷалб карда шудаанд, ки аз моҳи июл то ҳоло дар стадионҳои пойтахт машқ карда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки иштирокчиёни Паради ҷашнӣ бо сару либосӣ гуногуни рангоранг роҳпаймоӣ хоҳанд кард.[10] [11]
  • 26 август — Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Ин мукофоти давлатиро дар вазъияти тантанавӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров тақдим намуд. Ҳамчунин дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров 300 000 сомонӣ тақдим намуд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 2016 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. [12]
  • 28 август — Ҳукумати Ӯзбакистон дар бораи бемории президенти мамлакат Ислом Каримов хабар дод. Духтари президент тасдиқ кард, ки ӯ ба сактаи мағз гирифтор шудааст.[13].
  • 29 август — Дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонид. [14]
  • 31 августВикипедиаи Тоҷикӣ аз шумораи мақолаҳо дар ҷойи 68-ум қарор гирифт, ки шумораи мақолаҳои он ба 66 629, шумораи умумии саҳифаҳо 132 446 ва файлҳои боршуда 591 адад расиданд. Жарфии мақолот дар Википедиаи Тоҷикӣ ба 13,3 баробар буд.

Сентябр[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Сентябри соли 2016

Рӯйдодҳои мавриди интизор[вироиш]

Октябр[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Октябри соли 2016

Ноябр[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Ноябри соли 2016

Декабр[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Декабри соли 2016

Таввалуд[вироиш]

Вафот[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Решение Совета глав государств СНГ об объявлении 2016 года Годом образования в Содружестве Независимых Государств (10 октября 2014 года, город Минск)
  2. Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016
  3. Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016
  4. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шуд.
  5. Тағйири номи як шаҳр дар Тоҷикистон чӣ арзиш дорад?
  6. Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» дар ноҳияи Ёвон
  7. Баъди имзои Президент: “Ов” ва “ович” расман манъ шуданд
  8. (Википедиа:Рӯихати Википедиа) 2.06.2016
  9. [1]
  10. В_Душанбе_на_главной_площади_столицы_началась_генеральная_репетиция
  11. Центр столицы будет закрыт для проезда
  12. Супоридани мукофоти давлатӣ ва тақдими ҷоизаи пулӣ ба варзишгар Дилшод Назаров — PRESIDENT.TJ
  13. Узбекский инсульт: кто может занять пост Ислама Каримова
  14. Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ — PRESIDENT.TJ
  15. http://www.tvt.tj/iftitokhi-navbati-avvali-machmaai-nassochii-chsp-chuntay-dangara-sin-silu-tekstil Ифтитоҳи навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил»