Ишқи озод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ишқи озод (форсӣ: عشق آزاد‎) — як ҷунбиши иҷтимоӣ аст, ки издивоҷро (хусусан барои алоқаи ҷинсӣ) рад мекунад, ва онро навъе аз асорати иҷтимоӣ ва молӣ медонад. Ҳадафи аввалияи ҷунбиши ишқи озод ҷудоии ҳукумат аз масоили ҷинсии беиздивоҷ, контроли тавлид ва робитаи ҷинсӣ буд. Ишқи озод иддао мекунад, ки чунин масоил танҳо ба афроди даргири он рабт дорад ва на шахси дигаре. Дар асри 20 афроди гурӯҳи хиппи аз он истифода ва ҳимоят мекарданд ва сабаби асосии паҳни он гаштанд, ки ҳозир ба тамоми ҷуфтҳои ҷавон муносиб аст. Зоҳиран, пайравони дини Маздак дар Эрон пеш аз ислом низ аз навъи ишқи озод ҳимоят мекарданд. Ишқи озод на танҳо бо ҳаёти ҷинсӣ маҳдуд мешавад, балки боз мегӯяд, ки:

  • шахс ҳеч коре намекунанд, ки метавонад ба озодии шахси дигар осеб расонад;
  • шахс ба озодии шахси дигар зиён намерасонад;
  • рашк, чун ҳиссиёт ба соҳибият нисбат ба шарик ё баданаш, ғайри қобили қабул аст

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аз википедиаи форсӣ