Иқтидор (физик)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иқтидор (N) — бузургии физикиест, ки бо кори (A) дар воҳиди вақт (t) иҷро шуда муайян карда мешавад: N=A/t ё дар мавриди умумӣ N=dA/dt (ин ҷо dA кори элементарие мебошад, ки дар фосилаи вақт dt одатан 1 сония иҷро мегардад). Воҳиди иқтидор дар СИ Ватт (Вт) ва дар системаи СГС эрг/сон аст (1Вт=10 нишондиҳанда 7 эрг/сон). Иқтидорро дар техника баъзан бо қувваи асп низ ифода мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]