Jump to content

Иқтисоди Туркманистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иқтисоди Туркманистон
Кишвар
Макони кунунӣ
ММД-и номиналӣ 45 610 571 430 $[1]
ММД-и номиналӣ ба сари аҳолӣ 7 297,2 $[2]
ММД (ПТХ) 96 227 533 620 доллари байналмилалӣ[3]
ММД ПХТ ба сари аҳолӣ 16 194,2 доллари байналмилалӣ[4]
Нархи рушди иқтисод (ММД)-и воқеӣ 6,2 ± 0,1 фоиз[5]
Захираҳо 1 513 006 832 $[6]
Фоизи беқурбшавии пул (инфлятсия) 6,2 ± 0,1 фоиз[7]
Schematic
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иктисоди Туркманистон дар миёни давлатҳои ҷаҳон аз руи хачми ММД ҷойи 94-ро ишғол менамояд, ки он баробар ба 45 млрд доллар мебошад. Асоси иқтисодиёти Туркманистонро соҳаҳои гуногуни саноат аз ҷумла Комплекси сузишворӣ — энергетики, саноати бофандаги, кимиёвӣ, металлурги ва киштисозӣ ташкил медиҳанд.

1.Комплекси сузишворӣ — энергетики

[вироиш | вироиши манбаъ]

Комплекси сузишворӣ — энергетики аз соҳаи истихроҷи газу нафт ва энергетика иборат аст. Мувофиқи маълумотҳо аз 1.10.2011 ҳаҷми умумии захираҳои геологии сузишвори ба 71,2 млрд т. ва захираи газ ба 25,213 трлн м3 баробар аст. Дар соли 2012 истихроҷи газ зиёда аз 75 млрд м3 -ро ташкил кард, ки аз он 60 млрд м3 ба содирот равона шуда буд. Дар ояндаи наздик Туркманистон метавонад истихроҷи газро дар як сол ба180 млрд м3 расонад ва 80 % -и онро ба содирот равона созад, чун ки дар дохили ҷумҳури ниёз ба газ кам аст. То соли 2008 харидори асосии гази Туркманистон Русия буд, вале соли 2016 Газпром харидори намудани гази Туркманистонро қатъ намуд. Газ асосан ба Осиёи марказӣ, Гурҷистон ,Украина ва Эрон содирот карда мешавад.

1.1.Сохаи коркарди нафт

[вироиш | вироиши манбаъ]

Истихроҷи нафт назар ба соли 1990 40 % зиёд гардида, имрўз бошад 10 млн т. нафт истихроҷ карда мешавад ва аз ин миқдор 6,5 млн т. ба содирот нигаронида шудааст. Корхонаи истихроҷи нафт «Туркменнефт» мебошад. Мувофиқи маълумоти ширкати Лукойл захираҳои нафтии Туркманистон ба 400 млн тонн баробар аст. Содироти нафт тавасути нақлиёти баҳри, роҳи оҳан анҷом дода мешавад. Содироти газ бошад тавасути қубурҳои газӣ дар шимол ва ғарб ба роҳ монда шудааст.

1.2.Электроэнергетика

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди Туркманистон 10 НБО бо иқтидори 3984 МВт фаъолият мекунанд. Азбаскит тавозуни сузишвори қариб пурра аз гази табии иборат аст, қувваи барқ содирот карда мешавад. Ќувваи барқ ба Эрон, Афғонистон, Туркия ва Тоҷикистон содирот мешавад.

Дар соҳаи хоҷагии қишлоқ пахтакорӣ, парвариши ғалладона махсусан гандум нақши муҳимро мебозанд. Дар соҳилҳои Амударё шоликорӣ ба роҳ монда шудааст. Шоликорӣ даромади асосии деҳконон мебошад. Майдони обёри шуда айни замон 1.5 млн гектар ва масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ 39 млн гектар аст. Пахтакори яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии мамлакат ба ҳисоб меравад. Майдони умумии кишти пахта дар соли 2012—550ҳ гектаро ташкил медод. Дар соли 2012 — 1млн 235ҳ. тон пахта ҷамъовари карда шуд. Инчунин парвариши меваю сабзавоти гуногун дар Туркманистон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

3.Металургия ва киштисози

[вироиш | вироиши манбаъ]

Металургия ва киштисозӣ Соли 2009 дар мамлакат аввалин заводи металлурги ба фаъолияти шурӯъ намуд, ки дар он истеҳсоли маҳсулоти сохмони аз ҷумла арматур ба роҳ монда шудааст. Дар моҳи майи соли 2012 байни Хадамоти давлатии нақлиёти баҳрии Турманистон ва ширкати Олмонӣ Inros Lackner AG созишнома барои сохтмони заводи киштисозӣ баста шуд.